Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо талаби додситонӣ аз ҷониби додгоҳи шаҳри Ҳисор ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шуд. Зоҳиран мурофиъаи додгоҳии Одинаев бидуни ширкати вакили дифоъ баргузор гаштааст, зеро Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ имрӯз 7 декабр гуфт, муовинаш то ҳол вакили дифоъ надорад.
Қазияи ғайб задану сипас дастгир шудани Одинаев беш аз ду ҳафта аст, ки сари забонҳост ва мавриди таваҷҷӯҳи на танҳо ҷомеъа кишвар, балки расонаву созмонҳои байналмиллалӣ низ гаштааст, аммо мақомот аз ироаи ҷузъиёти мурофиаи ӯ худдорӣ карданд. Маълум нест мурофиъа дар чӣ шакле ва бо ҳузури киҳо сурат гирифтааст ва ҳуқуқҳои ӯ дар дар мурофиъа риоя шудаанд ё на.
Тамоми ин қазия аз замони боздошти писари ӯ Шайхмуслиҳиддин бо пардаи шубҳаву ибҳомот пӯшида шудааст ва маълум нест ҳақиқат куҷосту дар куҷо чӣ касе дурӯғ мегӯяд. Баёнияҳои мақомоти кишвар, ҳатто ду масъули як ниҳод аз ҳамдигар тафовут доранд ва эҳсос мешавад худи мақомот нақшаи муайяне дар қиболи муовини раиси ҲСДТ надоранд ва амалкардҳояшон бештар вокунишӣ мебошад.
Рӯзи 6 октябр Одинаев эълон кард писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоевро шоми 4 октябр дар тарабхонаи “Шоми Шӯроб” дар деҳаи Шӯроби Афғон латтукӯб кардаанд, вале мақомот дар тафтиши ин қазия саҳлангорӣ мекунанд. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Паём гуфт, ки писарашро бидуни кадом сабабе ду нафар дар назди тарабхона латукӯб кардаанд ва ба ин назар буд, ки қазия сиёсист ва мақомот мехоҳанд ӯро тарс диҳанд. Одинаев ба Паём гуфта буд бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст.
Аммо маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 октябр дар як изҳороти вижа Маҳмурод Одинаевро “шахси моҷароҷӯ” ва оилаи ӯро “оилаи носолим” номида, ба “пайваста бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ” айбдор кард. ВКД гуфт, Одинаев аз ҷумла ба латтукӯби писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев, ки шоми 4 октябр дар тарабхонаи “Шоми Шӯроб” дар деҳаи Шӯроби Афғон сурат гирифта буд, тобиши сиёсӣ додааст. ВКД инро “иғвои навбатии Одинаев М.Ш.” номида, гуфт, “писараш дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.”
Аммо дертар ВКД писари Одинаевро бегуноҳ баровард ва моликони тарабхонаву муҳофизони онро боздошт намуд. Одинаев он замон ба Паём гуфта буд моликони тарабхона ба наздаш омада аз ӯ хоҳиш кардаанд аризаи шикоятиашро пас гирад, аммо ӯ розӣ нашудааст. Дертар аяк манбаъ ба Раём гуфт, молики тарабхона бо пардохти беш аз 10 000 доллар аз боздошт раҳо шудааст.
Аз ҳодиса якуним моҳ мегузарад ва мақомот Шайхмуслиҳиддинро боздошт мекунанд. Чанд рӯз пас ӯ дар экранҳои телевизион зуҳур мекунад ва мегӯяд, ки дар ҳолати мастӣ ба номуси духтарон таҷовуз мекард. Ҷабрдида пас аз якуним моҳи ҳодиса ва баъди пардохти ришва аз ҷониби ҷавобгарони аслии ҳодиса, дастгир ва гунаҳкор эълон мешавад. Бисёриҳо, бахусус онҳое, ки ба ин гуна ҳаводис рӯбарӯ шудаанд, ба ин назаранд, ки боздошти Шайхмуслиҳиддин ба хотири фишор овардан ба падараш буд, то дар бозпурсиҳо “мулоим” шавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар баёнияи расмиаш таҳти унвони сабаби боздошти Одинаевро чунин шарҳ медиҳад, ки муовини раиси ҲСДТ “29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш Одинаев Ҳабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст”.
Худи Одинаев мегӯяд писари ӯ бемории равонӣ дорад ва қонун иҷоза намедиҳад ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гардад. Он рӯз муовини раиси ҲСДТ аз назди бинои комисариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор бо пахши мустақим дар Фейсбук гуфт писари беморашро ғайриқонунӣ боздошт карда ба идораи комиссариат овардаанд. Ба суоли Паём, ки чӣ гуна писарашро боздошт кардаанд, ӯ посух дод вақте ба хона баргашт, ҳамсояҳо хабар додаанд, ки писарашро аз байни чанд нафар бо зӯр боздошт ва латукӯб намуда, ба мошин бор кардаанд.
Додситонӣ дар бораи боздошти ғайриқонунии писари бемори Одинаев чизе намегӯяд. Дар ҳоле, ки ташхис маълум кардааст писари аз ҷониби кормандони комиссариат боздошт ва латукӯбшудаи ӯ бемор аст ва ӯро худи ҳамон бегоҳ ҷавоб додаанд. Онҳое, ки беморро ғарйиқонунӣ боздошт ва латукӯб мекунанд ва рабуда ба идораашон меоранд ба ҳеҷ ҷавобгарие кашида нашуда, оне ҷинояткор эълон шудааст, ки ба боздошти писари бемораш эътироз кардааст. Додситонӣ эълон менамояд, ки нисбати “Одинаев М.Ш. 20.11.2020 бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда” шудааст.
Ба санаи ифтитоҳи парванда диққат кунед — 22 рӯз пас аз ҳодиса. Зимни содир шудани ҷинояти дар баёнияи додситонӣ зикршуда, ҷинояткорон билофосиа боздошт мешаванд ва парванда алайҳашон дарҳол боз мешавад. Аммо вақте ин ҷиноят аз тарафи фаъоли сиёсӣ ва муовини раиси ягона ҳизби мухолиф дар кишвар содир мешавда, парванда танҳо баъди 20 рӯз ифтитоҳ мегардад ва ҳамон рӯз гурӯҳи махсус барои боздошташ ирсол мегардад. Дар ҳоле, ки мақомот ҳамеша орзу мекунанд чунин фаъолони сиёсӣ камбуде содир намоянду дарҳол боздошташон кунанд. 22 рӯз “ҷинояткор” баҳузур мегашт ва ногаҳон мақомот тасмим мегиранд алайҳаш парванда боз кунанду билофосила дастгир намоянд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ду моҳи охир бештари расонаҳои давлатӣ ва “Фабрикаи ҷавоб”-у тамаллуқкорони режим алайҳи Маҳмурод Одинаев қиём кардаанд ва аз ӯ дев метарошанд.
Додситонӣ мегӯяд Одинаев “05.12.2020 зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Одинаев Маҳмурод Шарифович дастгир карда шуда ба прокуратураи ш. Ҳисор дастрас карда шудааст”. Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров низ, ки аввалин шуда аз боздошти Одинаев хабар дод, инро тасдиқ мекунад.
Аммо бархе ба ин назаранд, ки Одинаев ҳамон рӯзи 20 ноябр дастгир шуда буд ва дар дасти мақомот қарор дошт. Барои мисол, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, ки худаш ҳам аз тарафи мақомот рабуда шуда буд, мегӯяд аслан имкон надорад амалиёти боздошт ин қадар ғайрикасбӣ сурат гирад, ки Одинаев тавонад аз тиреза фарор кунад ва ба дасти гурӯҳи махсусе, ки барои боздошташ омада буданд, наафтад. Ӯ ба ин назар аст, ки ин ҳама вақт мақомот бо шиканҷаи худи ӯ ва писараш Одинаевро водор ба қабули шартҳояшон мекарданд. Фарзияи латхӯрии пои муовини раиси ҲСДТ зимни фирорро ҳам рад мекунад ва мегӯяд, ки бо гумони ғолиб пои Одинаев зимни шиканҷа осеб дидааст ва мақомот махсус ин овозаро паҳн кардаанд ё ӯро маҷбур кардаанд ба Зоиров чунин гӯяд.
Ин фарзияи Гадоевро ду хабаре аз нафарони номаълум Паём дастрас кард тасдиқ мекунанд. Ин нафарон навишта буданд, ки Одинаев дар озодист, зимни фирор пояш лат хӯрдааст ва дар як макони амн пинҳон асту пояшро табобат мекунад. Чун мо натавонистем аз манобеъи худ тасдиқи ин хабарро бигирем, аз нашри он худдорӣ кардем.
Фаъол будани саҳифаи фейсбукии Одинаев дар се рӯзи авали ғайбзании ӯ низ фарзияи аз 20 ноябр дар боздошт будани муовини раиси ҲСДТ-ро ин тақвият медиҳад. Имкон надорад, ки Одинаев бо телефони фаъол пинҳон шаваду мақомот ӯро пайдо карда натавонанд.
Баъди ду ҳафтаи ғайбзанӣ пайдо шудану “дастгир” гаштани ин фаъоли сиёсӣ метавонад ба ин маънӣ бошад, ки дар ин ду ҳафта бо шиканҷаҳои ҷисмониву равонӣ мақомот тавонистаанд ӯро маҷбур ба “ҳамкорӣ” намоянд. Ба ҳар ҳол, вақт довар аст ва ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки ҳақиқат куҷои ин ҳама дурӯғу овозаҳо пинҳон шудааст.
Ҳоло ҳақиқате, ки ҷои баҳс нест ин аст, ки “шахси аз ҷиноят пинҳоншуда” аз тарафи онҳое, ки намегузоранд ҳеҷ нафаре аз ҷинояти онҳо барояш муайянкарда пинҳон шавад, боздошт гардидааст ва тақдири ояндааш рақам мехӯрад.