Дар паи хабари дилхароши зилзила дар Ҷумҳурии Исломии Ирон садҳо нафар кушта ва захмӣ гардиданд. Ба ҳамин хотир ҲНИТ паёми таслиятеро ба мардум ва давлати Ирон ирсол кардааст, ки матни он дар саҳифаи фейсбукии сухангуи ҳизб омадааст.
Матни ин паёми таслият дар поён гузошта мешавад.
Хабари асафноку дардовари вуқуъи зилзила дар ғарби Ҷумҳурии исломии Эрон, ба вижа устони Кирмоншоҳ, ки мунҷар ба шаҳодати беш аз 400 нафар, захмӣ шудани ҳазорҳо тани дигар ва хасороти густурдае шуд, муҷиби ғаму андуҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуқуъи ин ҳодисаи андуҳборро хидмати мардум ва давлати Ҷумҳурии исломии Эрон, бахусус хонаводаи шуҳадо ва захмишудагони ин ҳодиса таслият арз менамояд.
Зимни ибрози ҳамдардии самимона бо бозмондагон, аз даргоҳи Худованд барои даргузаштагон ҷаннати барин, барои маҷруҳин шифои оҷил ва барои миллати наҷибу дусти ҶИЭ, ба вижа барои бозмондагони шуҳадо сабру шикебоӣ хоҳонем.
Мардуми Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин лаҳазоти сахт дар канори миллат ва давлати Ҷумҳурии исломӣ хоҳанд буд.
Раёсати Олии ҲНИТ