Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд вазъи ҳаводиси нохуш ва кушта шудани афрод дар роҳҳои Тоҷикистонро нигаронкунанда хондааст
Юсуф Эмомзода ба хабаргузории миллии “Ховар” гуфтааст, ки бо вуҷуди ташдид бахшидани ҷазову ҷарима дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Вай дар мисоли вазъи ҳаракат дар роҳҳои Суғд омор овардааст, ки тайи соли 2019 дар қаламрави вилоят 416 ҳазору 158 ё 19993 маврид бештар дар қиёс бо соли 2018 қоидаситезиҳои дағали ҳаракат дар роҳ сабт шудаанд.
Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд “Аз ҷумла 692 адад ҳолати дар ҳоли мастӣ, 546 мавриди бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 80880 ҳолати бо суръати баланд рондани нақлиёт, 17629 мавриди истифодаи телефони мобилӣ дар сари чамбарак, 21397 ҳолати нагузаронидани нақлиёт аз муоинаи техникӣ ва 130425 мавриди қоидаситезӣ аз сӯи пиёдагардон ошкор гардидааст”.
Ба қавли ӯ, 27,5 фоизи садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави вилоят ба шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, роҳи асосии пайвандгари шимолу маркази ҷумҳурӣ, рост меояд. Вай мегӯяд, соли 2019 дар ин роҳе, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад, 81 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ сабт шудааст.
Юсуф Эмомзода гуфтааст”Дар натиҷа 48 нафар ҳалок ва 81 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷумла, шумораи бештари садама ва фавт дар ҳудуди роҳи минтақаи ноҳияи Айнӣ 17 садама (10 фавт), Шаҳристон 14 садама (9 фавт), Истаравшан 15 садама (9 фавт), Бобоҷон Ғафуров 15 садама (8 фавт) ва Спитамен 10 садама (10 фавт) сабт шудааст”.