Рубрики Хабарҳо

«Барқи тоҷик»гуфт «хоҳишманди бебарқ гузоштани мардум нест»

Ширкати «Барқи тоҷик»  бо нашри як муроҷиатнома қатъи рӯзонаи интиқоли барқ дар моҳҳои гузаштаро ба корҳои «таъмиру профилактикӣ» рабт дода, аз мардум барои кашолкорӣ, маъзарат хост. Ширкат дар муроҷиатномаи худ изҳор намуд, ки “ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест»

Дар муроҷиатнома омадааст, ки сар аз 10-уми декабр дар кишвар маҳдудияти барқрасонӣ бекор карда мешавад. 

Ин муроҷиатномаи “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон дар ин шабу рӯзҳои сард ба камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд. Бисёриҳо ин ширкатро ба ноӯҳдабароӣ дар таъмини пурраи мардум бо нерӯи барқ айбдор мекунанд.

Дар изҳороти «Барқи тоҷик» ҳамчунин гуфта мешавад, ки коҳиши захираҳои об яке аз сабабҳои дигари камбуди барқ дар моҳҳои гузашта буд. Ба иттилои «Барқи тоҷик», обанбори нерӯгоҳи «Норак» ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале ба сабаби дар моҳҳои ахир кам шудани оби дарёи Вахш, оби ин обанбор нисбат ба солҳои гузашта ду баробар кам шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бинобар омори расмӣ Тоҷикистон дар моҳи октябр ба хориҷи кишвар ба маблағи 2 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст. 

Дар 10 моҳи соли 2020 дар Тоҷикистон 16,1 миллиард киловат/соат барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019-ум 5,1 дарсад кам будааст. Кишвар дар соли 2020 бо маблағи 50,3 миллион доллар ба се кишвар – Узбекистон, Афғонистон ва каме ба Қирғизистон барқ фурӯхтааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *