Рубрики Хабарҳо

Нигаронии вазири хориҷа аз авоқиби бӯҳрони бархеста аз коруно

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз оқибатҳои иқтисодии пандемии коронавирус дар кишварҳои ИДМ изҳори нигаронӣ кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои Вазири корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти маҷлис вазирон дар бораи ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар заминаи дунёгир шудани коронавирус мубодилаи афкор кардаанд. Бахусус, Сироҷиддин Муҳриддин аз оқибатҳои иқтисодии он дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори нигаронии хешро баён кард.

Бино ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, баъди пайдошавии коронавирус буҳрон сабаби заиф шудани савдои дохиливу хориҷӣ, коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамкории сармоягузории кишварҳо гардида, ба рушди сайёҳӣ ва нақлиёт таъсири сахти манфӣ расонидааст. Дар баробари ин, коронавирус ба амнияти озуқавории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсири манфӣ гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *