Дар бонкҳои Тоҷикистон муштариён имкони харидории рубли русиро надоранд. Ҳатто ба онҳое, ки мехоҳанд ба Русия рубл фиристанд, дар бонкҳо посух медиҳанд, ки имкони бадал кардани сомони ба рублро надоранд ва муштарӣ бояд бо худаш рубл биёварад.
Ин талаби бонкҳо дар ҳолест, ки вақте муштариён аз Русия рубл мефиристанд, бонкҳо онро бо сомонӣ ва қурби поёнтар аз бозори арз пардохт мекунанд.
Нависандаи маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш аз мушкиле ҳикоя кардааст, ки ҳангоми фиристодани пул ба Русия барои писари донишҷӯяш пеш омадааст. Ӯ мегӯяд қаблан ба шӯъбаи бонк мерафтааст ва сомонӣ пардохт мекардаасту бонк онро ба рубл бадал (конвертатсия) карда меирифтодааст. Вале ин дафъа дар “Амонатбонк” ба ӯ посух додаанд, ки бояд рублро худаш биёварад, чун бадал манъ шудааст. Муроҷиат ба раиси шӯъбаи бонк ҳам кӯмак накардааст. Дар “Имон интернешнл” ҳам ҳамин посухро додаанд.
Қаблан “Паём” дар бораи камчин шудани доллари ИМА дар бонкҳои Тоҷикистон хабар дода буд. Як корманди бонк, ки нахост номаш зикр шавад ба “Паём” гуфт воқеъан фурӯши рублро манъ кардаанд, вале сабабашро касе шарҳ намедиҳад.
Коршиносон ба ин назаранд, ки агар яке аз сабабҳои нопадидшавии рубли нақд камшавии ирсоли пул аз тарафи муҳоҷирон бошад, сабаби дигараш монополия шудани бозори арз аст, ки боис гаштааст ивази пул ба бозори сиёҳ кӯчад ва бонкҳоро ба мушкил мувоҷеҳ созад.