Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8-уми сентябр, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолиияти кишвар ба чанд корманди мақомоти қудратии кишвар рутбаи генерал-майор ва “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” дод.
Ба Хадамоти матбуоти раисҷумҳур онҳоро маъмурони Вазорати дифоъ, ВКД, Додситонии кулл, Оҷонсии зиддифасод Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори дифоъи Тоҷикистон мебошанд.
Аз ҷумла, Файзулло Нозимзода, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Бахтиёр Назарзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД соҳиби рутбаи ҳарбии генерал-майори милитсия шуданд.
Ҳамчунин, се муовини додситони кулли Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Икром Зоирзода, ки ҳамзамон Сарпрокурори ҳарбии кишвар аст, рутбаи дараҷавии “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, ки дар ин сохтор ба ҳадди генералӣ аст, дарёфт карданд.
“Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд”, — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни супоридани рутбаҳо.
Ба иддаои ӯ ҳукумат хизматҳои онҳоро қадршиносӣ намуда, онҳоро бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро мегирад.