Сарвазир ва раиси ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин 2 март ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Қарор аст сафари ӯ 2 рӯз идома кунад.
Тибқи иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, қарор аст рӯзи 2 март Михаил Мишустин дар конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва Бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия ширкат кунад.
Гуфтанист дар “эътироз”-и пурсарусадои Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони ИДМ дар Қазоқистон яке аз масоиле, ки раисҷумҳури Тоҷикистон аз он шикоят кард, ирсоли мансабдорони сатҳи поини Русия ба форумҳову конфронсҳо дар Душанбе буд. Ӯ гуфта буд Русия ба нишастҳо дар Тошканду Остона мақомоти баландпояро ирсол мекунад, аммо ба Душанбе дар сатҳи муовини вазир.
Манбаъ дар бораи ҳадафҳои дигари сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон хабар надода, танҳо навиштааст, “ҳамзамон дар ҷараёни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди байниҳукуматӣ дар назар аст”.
Тоҷикистон аз камтар шарикони Русия аст, ки ҳамлаи ин кишвар ба Укроинро маҳкум накардааст. Ҳамчунин тибқи бархе гухоришҳои тасдиқнашуда, паҳподҳои эроние, ки дар Тоҷикистон тавлид мешаванд, ба Русия ирсол мегарданд. Мақомоти Тоҷикистону Русия ин шубҳаҳоро рад мекунанд, аммо бо дарназаддошти ин ки паҳподҳои ҷамъоваришуда дар Тоҷикистон то ҳол ба артиши кишвар нарасидаанд ва маълум нест ба куҷо мераванд, бархе коршиносон ба ин назаранд, ки ин паҳподҳо ба Укроин ирсол мешаванд.