Рубрики Хабарҳо

“Абдуллоҳи Шамсиддин куҷост?” Флешмоби мухолифин дар чанд кишвари Аврупо

Даҳҳо нафар фаъолони мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо суоли “Абдуллоҳи Шамсиддин куҷост?” флешмоб роҳандозӣ карданд. Онҳо бо бардоштани акси Абдуллоҳи Шамсиддин, ки зераш бо чнад забон ҳамин суол навишта шудааст акс ва наворбардорӣ намуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд. Ба ин флешмоб ҳамчунин фаъолони мадании олмонӣ ва ҳамкорони олмонии Абдуллоҳ пайвастаанд.

Ширкаткунандагони ин флешмоб, ки аз чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла Лаҳистон, Олмон, Литва, Фаронса, Утриш ва ғайра садо баланд кардаанд, мегӯянд суолашон на танҳо ба режими худкомаи Тоҷикистон нигаронида шуда, ки беш аз 40 рӯз аст ҳеҷ маълумоте дар бораи Абдуллоҳи Шамсиддин ироа намекунад. Онҳо мегӯянд суолашон ба мақомоти Олмон ҳам ҳаст, ки як муҳоҷирро ба дасти ҳукумати диктотур супориданд ва бо вуҷуди ин ки хилофи ваъдааш ӯро боздошт ва бедарак кард, ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд.

Гуфта мешавад ибтикори флешмоб аз ҷониби фаъолони Лаҳистон буда ва сипас фаъолон дар кишварҳои дигар онро дастгирӣ кардаанд. Дертар ҳамкорони олмонии Абдуллоҳи Шамсиддин ва гурӯҳе аз фаъолони ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба он пайвастанд.

Муҳаммадраҷаби Шоҳим, яке аз мубтакирони ин флешмоб ба Паём гуфт, ки ҳадаф аз он озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ва расонидани вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба гӯши ҷаҳониён аст. “Даҳҳо нафар қабл аз Абдуллоҳ бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон бурда шуда ва барои солҳо равонаи зиндон шуданд. Агар қаблан мақомоти Тоҷикистон худи шаҳрвандонро фиреб мекарданд, ин дафъа ҳукумати кишвари қудратманде чун Олмонро фиреб доданд ва бо ин ваъда, ки нисбати Абдуллоҳ ҳеҷ парвандае дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва ба ӯ хатаре таҳдид намекунад, таҳвил гирифтанд. Ҷои тааҷҷуб аст, ки бо вуҷуди ҳазорҳо далел бар нақзи шадиди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон як гуреза, он ҳам фарзанди узви аршади ҳизби мухолифро ба Тоҷикистон таслим карданд”, — изҳор дошт ӯ.

Ин фаъоли сиёсӣ гуфт талошашон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро то замоне, ки ӯ ба назди ҳамсару ду фарзандаш боз нагардад қатъ нахоҳанд кард.

Ин флешмоб, ки ба он Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ ва Бунёди Бузургмеҳр Ёров низ пайвастаанд идома дорад.     

Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 янавар аз сӯи пулиси Олмон истирдод шуд ва то ҳол дараке аз ӯ нест. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *