Рубрики Хабарҳо

Диссернет дуздии боз як «олим»-и тоҷикро ифшо кард

Пойгоҳи таҳқиқотии “Диссернет” боз як олими дигари тоҷик Мамадалиева Гулнора Абдусатторовна, дотсенти кафедраи равоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба асардуздӣ муттаҳам кард. Ин маълумотро пойгоҳ рӯзи 18-уми декабр нашр кардааст.

Тибқи маълумот Гулнора Мамадалиева  рисолаи номзадии худро дар мавзуъи “Пешгирӣ ва ислоҳи равоншинохтиву омӯзишии изтироб дар наврасони муосир” (Психолого-педагогическая профилактика и коррекция тревожности современного подростка) бахши зиёди кори худро аз рисолаи илмии Сидоркина Стелла Львовна “Формирование социальной ответственности у подростков посредством социально значимой деятельности”, ки соли 2010 дифоъ шудааст бардошта, даст ба асардуздӣ задааст.

Ҳарчанд ин пойгоҳ навиштааст, ки дар кори Мамадалиева  то кунун рӯйбардори густарда ошкор накардааст, аммо навиштааст, ки бархе шӯроҳои дифоъ пешниҳод кардаанд, ки унвонии илми ӯ аз эътибор соқит шавад.

Гуфта шудааст, ки “24 ноябри соли 2020 шӯрои дифоъи рисолаҳои Д 212.199.18 дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ба номи  А.И. Гертсена тавсия додааст, ки дараҷаи илмии номзади илми бону Мамадалиева бекор карда шавад”.

Гулнора Мамадалиева 27 июни соли 2011 дар шӯрои дифои рисолаҳои 212.162.05 Донишгоҳи давлатии меъмориву сохтмони Нижегород рисолаашро дифоъ кардааст.

То кунун назари бону Гулнора Мамадалиева дар мавриди ин таҳқиқи пойгоҳи “Диссернет” дастрас нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *