11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ӯзбекистон ба онҳое, ки 15 сол дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд, шаҳрвандӣ медиҳад

Нафароне,  ки тайи 15 сол дар Ӯзбекистон  зиндагӣ кардаанд, акнун метавонанд бемонеа шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шаванд. 

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  эълон кард, ки соли оянда шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз соли 2005 инҷониб дар ин кишвар истиқомат доранд, шаҳрвандии мустақими Ӯзбекистонро қабул хоҳанд кард.

Инак дар Ӯзбекистон тартиби додани шаҳрвандӣ ба шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ин кишвар 15 сол доим зиндагӣ мекунанд, ҷорӣ карда мешавад.

Соли гузашта зиёда аз 50,000 нафар одамоне, ки то соли 1995 ба кишвар омада буданд, шаҳрвандӣ гирифтанд. 

Акнун бо  ин тағирот, 20 ҳазор нафари дигар, ки  дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд, соҳиби шаҳрвандӣ мегарданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *