Ширкатҳои сохтмонии Русия муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро ба Украина, барои бозсозии шаҳри Мариупол харобшуда мефиристанд. Аз тарафи дигар дар Укроин барои барқарорсозии шаҳрҳои аз асорати Русия озодшуда, тоҷикони муқими ин кишвар остин барзадаанд.
Бархе ширкатҳои сохтмонии Русия ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекситон пешниҳод кардаанд, ки барои корҳои барқарорсозӣ дар Мариупол пул кор кунанд. Ба онҳое, ки барои корҳои сохтмонӣ дар Мариупол розӣ шуданд, ваъда шудааст, ки моҳе аз 130 то 250 хазор рубл ($2100-$4400) маош медиҳанд. Дар баробари маоши баланд ба муҳоҷирони корӣ манзили муваққатӣ ва се вақт хӯроки ройгон ваъда шудааст.
Ширкатҳои укроинӣ, ки тоҷикони муқими ин кишвар дар он кор мекунанд, маоши камтар медиҳанд. Инҷо маош аз 50 то 70 ҳазор гривен аст ($1400-$1900). Дар ҳамин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ минтақаҳои ишғолшудаи Укроина аз ҷониби Русияро эътироф намекунад ва кору фаъолият дар онҷоро хилофи қавонини байналмиллалӣ меҳисобад.
Як муҳоҷири тоҷики муқими Киев ба Паём гуфт дар ширкате кор мекунад, ки ба барқарории шаҳри Ирпен машғул аст ва ҳамроҳи ӯ ҳашт нафар тоҷики дигар кор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ дар чанд ширкати дигар дар Ирпену Буча тоҷикон фаъолият доранд. Ӯ мегӯяд дар Молдова зиндагӣ дошт ва ҳамагӣ ду моҳ қабл бо даъвати дӯстонаш ба Киев омадааст. Ба гуфтаи ӯ чанд нафар тоҷики дигар аз Туркия ва Гурҷистон ҳам омадаанд.
Аммо дар саҳнаи ҷанг, ки дар шарқу ҷануби Укроин ҷараён дорад, пешравии нерӯҳои укроинӣ дар ҳама ҳатҳои ҷанг дида мешавад ва ҳоло ба остонаи Херсон расидааст. Мақомоти укроинӣ мегӯянд то озодсозии комили манотиқи аздастрафтаашон хоҳанд ҷангид.
Мариупол 4 моҳ саҳнаи ҷанги Русияву Укроин буд ва ба харобазор табдил шудааст. Ин шаҳри бандарӣ аҳамияти болои геополитикӣ дорад ва ин аст, ки Русия ба барқарории он пеш аз дигар манотиқи ишғолкардааш камар бастааст. Укроин ҳам озодсозии Мариупол аз тасарруфи Русияро аз аҳдофи муҳимаш медонад.
Шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ба Мариупол фиристода шудаанд, маълум нест. Як муҳоҷир аз шаҳри Барнаули Русия ба Паём гуфт, ки чанде аз шиносу дустонаш ҳоло дар минтақаи Донбасс ба сохтмон машғул ҳастанд ва ӯро низ ба онҷо даъват кардаанд.
Хабаргузории Настояшее время дар ин бора навишт, ки як ширкати сохтмонӣ бо номи “Реставрация” ба шаҳри харобшудаи вилояти Донетски Украина, ки аз ҷониби Русия ғасб шудааст, 110 коргар фиристодааст, ки аксари онҳо тоҷикон будаанд.
Айни ҳол ҳатто баъзе аз миёнравҳои тоҷик низ ба Мариупол бинокоронро ҷамъ карда мефиристанд. Ин миёнаравҳо ё ба истилоҳ посредник, ба шиносҳояшон дар минтақаҳои Русия тамос гирифта, барои ҷалби муҳоҷирон кумак хостаанд.
Дар Русия, тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, ҳудуди як миллион нафар муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.