Рубрики Хабарҳо

Сироҷиддин Аслов барои ҳалли масоили тиҷориву иқтисодӣ Русия меравад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Асловро барои музокира ба Русия даъват кардааст.

Дар ин бора Мария Захарова, котиби матбуотии ВКХ Русия зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода гуфтааст, Сироҷиддин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 апрел ба Маскав сафар мекунад.

Тавре, ки Мария Захарова иттилоъ додааст, интизор меравад, дар рафти музокирот ҷонибҳо, «ба масоили амалӣ кардани натиҷаҳои иҷлосияи Тоҷикистону Русия, ки 27 феврали соли гузашта дар Душанбе бо ишора ба соҳаҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баргузор гардид аҳамияти хоса хоҳанд дод. Ҳамчунин вазирон ҳамкориҳои кишварҳоро  дар ҳошияи ИДМ, СПАД СҲШ баррасӣ мекунанд».

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин  Аслов вазъи Афғонистон ва мушкилиҳои амниятии минтақавии Осиёи Марказиро низ фаромӯш нахоҳанд кард.

Коршиносон мегӯянд, аз он ки ВКХ Тоҷикистонро ҳамтои русаш ба Маскав даъват ва ба соҳаи тиҷориву иқтисодӣ ишора шудааст, ҳатман масъалаҳои муноқишаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ бори дигар дар ин музокирот дар сатҳи болотар гуфтугӯ хоҳад шуд ва ҷониби Русия Тоҷикистонро хубтар ба ҷои худ мешинонад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *