Модару духтар дар танўрхона машғули нонпазӣ буданд. Солҳои пеш нонпазӣ барои модар ҳаловате дошт. Бўйи иштиҳоовари нонҳои гандумии хуштамъу хушранг ҳангоми аз чакдон кандан тамоми ҳавлиро фаро мегирифт. Ҳатто, ҳамсояҳои «дарбадевор» аз бўйи нони гарм мефаҳмиданд, ки апаи Нозигул имрўз хамир доштааст, яъне, нонпазӣ дораду баъдаш ҳатман як табақ шакароб ё қурутоби хушмазза омода намуда, ҳамсояҳоро ба «як даҳан нон» муроот мекунад. Аммо имрўзҳо…
-Аз рўзе, ки ин ҷанги беамон сар шуд, маззаи нони гандум аз даҳони мардум рафт. Меъдаю рўдаҳо аз хўрдани нони ҷавину нони ҷуворимакка дамидаю варамида, ҳазору як дарду ранҷ ҷону танашонро азоб медиҳад. Ба ҳаминаш ҳам шукр, Худоё, аз гуруснагӣ намурем шуд, — меандешид апаи Нозигул ва ин лаҳза андешаи дигаре ба зеҳнаш гузашту хатҳои ожанги ҷабинаш бештару амиқтар гаштанд.
«Ҳайронам, ки сару либоси мактабии бачаҳоро чӣ гуна дастрас кунам? Имрўз-пагоҳ дарсҳо сар мешавад, вале ба фарзандон ҳатто як ҷуроб ҳам харида натавонистем…
— Оча, ба падарам гуфтед, ки мактаб қариб омада истодааст? – пурсид духтараш Шаҳноз, ки зуволаи хамирро бо азоб аз рўйи дастархон бардошта, ба рафидаи нонпазӣ мегузошт. Ба «тап-тап кардан»-у тунук намудани хамир ҳоҷат набуд. Хамири аз орди ҷаву ҷуворӣ хелидашуда, аз худ об кушода, шорида мерафт. Ба дегдон часпонидани он заҳмати бештарро талаб мекард. Баъди часпонидан модар «остинча»-и нонпазӣ дар даст ҳар лаҳза ин тарафу он тарафи нони дар танўр часпонидаашро ба девораи он зер карда меистод, то «нағалтад». Осон набуд ҳамвора ба даруни дегдони тафсону сўзон то миён хам шудану «нонро қапидан». Сару рўй ва мўю дастҳо месўхтанд, апаи Нозигул оҳувоҳкунон баъди ҳар бори сарашро аз танўр берун овардан бо латта ё картони калоне худро шамол медоду шиддати ҳарорати баланди сару рўяшро пасттар карданӣ мешуд. Аммо гўё гармо ба дилу ҷигараш кора мекард, ҷисму ҷонаш оташ мегирифт ва ин лаҳза роҳи наҷотро фақат дар нўшидани косаи оби сард медид (ки албатта ба саломатиаш ин «гармохунукӣ» бетаъсир намемонд).
— Оча, падарам чӣ гуфтанд? – аз ҷавоб надодани модар дилтанг гашта дубора пурсид Шаҳноз.
— Бачам, боз ҳам маошашонро надодаанд. Ҳамаи ҳамкоронашон дар ҳамин аҳвол. Бечора падарат ҳам ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад, — маҳзун посух дод модар.
— Намешавад, ки ҳамин муаллимиашонро партоянду ба мисли падари Дилрабо тиҷорат кунанд? Он вақт мо ҳам шароитамон нағз мешавад, очаҷон, — роҳи кор нишон доданӣ мешуд духтар.
— Духтарам, агар ҳама тоҷир шаванд, фарзандони мардумро кӣ таълим медиҳад? – ба суоли духтар бо суол муроҷиат кард модар.
— Намедонам, — посух наёфт духтар, аммо боз бо алами бештар афзуд: — Охир ман чӣ кор мекунам, якуми сентябр наздик меояд, аммо ман чизе надорам, ки пўшам. Попўш, сарулибос, ҳатто қаламу дафтаре ҳам нахаридаам. Чӣ гуна ба дарс меравам, оча?
— Духтарам, атрофатро бибин, як мо танҳо нестем. Ҳама дар ҳамин аҳвол. Чанд солест, ки дар Ватан ҷанги бародаркуш идома дорад. Қаламу дафтар он тараф истад, мардум нони хўрдан намеёбанд. Ҷанги хонумонсўз дар ҷўш, роҳҳои байни минтақаҳо маҳкам, силоҳбадастон ҳукмрон, илоҳӣ, хонаи ҷангкун бисўзад. Худо оқибаташро ба хайр биёрад. Таваккал ба Худаш мекунем. Умедворам ҳамааш дуруст мешавад. Ту зиқ нашав, ин рўзҳо ҳам мегузарад,- духтарашро дилбардорӣ мекард модар, вале ба ҳоли фарзанд бетараф буда наметавонист, дарун-дарун месўхт. Охир, бояд чораи корро пайдо кунанд, ки рўзи дарс духтараш ба мактаб рафта тавонад. Намешавад, ки бо либоси хонагӣ ба мактаб равад. Агар росташро гўяд, фарзандон пўшоки дурусте ҳам надоранд, зеро чанд муддат аст ба фарзандон либос нахаридаанд, аз ин рў, дигар на либоси «хонапўшак»-и ҳалол доранду на «ҳарҷоравак». Агар дар ҳамин шабу рўз як маротиба маоши омўзгоронро пардохт мекарданд, бисёр хуб мешуд, шавҳараш ба бачаҳо ҳадди ақал як парӣ сарулибос мехарид… Сараш аз фикру андешаи бисёр гиҷ шуд. Ба духтараш нигарист. Бо дастони кўчакаш моҳирона хамирро аз дастархон мебардошт ва барои дар танўр часпонидани модар омода мекард. Дилаш сўхт ба ҳоли тифлакаш. Барои он сўхт, ки ба фарзандонашон шароити мусоиди зиндагиро наметавонанд таъмин кунанд, шароити мусоид он тараф истад, пероҳане барояшон наметавонанд бихаранд, ки бачаҳо бе мушкилӣ ба дарсҳояшон шурўъ кунанд. Чӣ қадар орзуҳо дошт, модар. Мехост фарзандон, хусусан, духтараш хонда соҳибкасб шаванд. Дар ҷамъият мавқеи худро дошта бошанд. Дар ин замонаи пурошўб орзуҳо ҷомаи амал намепўшанд. «Оҳ, аз ин замонаи орзукуш. Мо солҳои пеш кай парвои либос доштем? Як моҳ пешакӣ сару либос ва асбобу анҷоми хонишамон тайёр буд. Албатта, то сар шудани ҷангу кашмакашҳои дохилӣ фарзандонамон ҳам ҳеҷ мушкиле надоштанд. Беташвиш ба соли нави хониш омодагӣ мегирифтем… Аммо ҳоло чӣ кор кунам? Духтарамро чӣ пўшонам, ки аз дарсаш ақиб намонад. Илмомўзӣ аз ҳама болост. Дар сандуқам ҳам дигар либосворие намондааст, ҳамаро фурўхта, маводи ғизоӣ харидем. Ба ғайр аз як чиз…» — аз бозёфташ нороҳат шуда, дилаш таҳ рафт.«Не! Ба ҳеҷ қиммате онро аз даст намедиҳам. Аз раҳматии модарам ҳамин қадар нишона мондааст!» — бо қатъият гуфт пеши худ ва аҳд намуд, ки пероҳани ёдгории модарро то охирин нафас ҳифз хоҳад кард. Аммо нигоҳаш дубора ба духтараш афтоду дудила шуд. «Чӣ кор кунам?» — андешид худ ба худ. Байни ду роҳ музтар монд.
— Медонам, нағз мешавад, оча. Аммо то он вақт ман бояд аз дарсам қафо намонам. Ё мисли Ниҳолбию Шарифа курта надорам гуфта, мактабро партоям? Худатон таъкид мекардед, ки нағз хон, духтарам, таҳсилатро дар ягон донишгоҳ ҳатман идома деҳ! Ман ҳам мехоҳам ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда хонам, оча, — Шаҳноза бехабар аз андешаҳои бесару нуки модар, аз ў илтиҷо дошт, ки кӯмакаш кунад.
Хулосаи модар қатъӣ шуд: байни ёдгории модар ва идомаи таҳсили фарзанд дувумиро интихоб кард.
«Умедворам рўҳи модарам аз ман намеранҷад. Охир, илм омўхтан ҳам ибодат аст…» — дурустии фикри худро бо далел исбот карданӣ шуд Нозигул…
Пас аз итмоми нонпазӣ пироҳани меросии модар-чакани хушдӯхтро бо қайчӣ бурида, ба андозаи қаду басти Шаҳноза мувофиқ карду дӯхт Нозигул. Рўзи 1-уми сентябр – Рўзи дониш Шаҳноза бо пироҳани меросӣ — мерос аз бибии закию донишмандаш дар ҳалқаи ҳамсинфон шоду хандон ба дарс мерафт…
Бо гузашти солҳои зиёд ҳам модар аз иқдоми худ пушаймон нашуд. Шаҳноза мактабро бо сари баланд хатм намуд. Ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, таҳсил кард ва айни замон дар яке аз дармонгоҳҳои ҷумҳурӣ кор мекунаду ба ҳазорҳо нафар дасти мадад мерасонад.
Дилафрўз Қурбонӣ