Бердимуҳаммедов аз паи Раҳмон меравад?
Раисиҷумҳури Туркманистон ислоҳотеро бар қонуни асосии ин кишвар ворид кард, ки бар асоси он илова бар маҷлиси поёнӣ, маҷлиси болоӣ низ эҷод хоҳад шуд.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ маҷлиси болоии ин кишвар «Туркманистон халқ маслиҳатӣ» (Шӯроии мардумии Туркманистон) ном дорад ва дар сурате ки раисҷумҳур ба ҳар далеле натавонад масъулияти худро иҷро кунад, раиси маҷлис ҷонишини муваққатии раисҷумҳур хоҳад шуд.
«Туркманистон халқ маслиҳатӣ» олитарин ниҳоди намояндагии Туркманистон аст, ки раёсати онро раисҷумҳури ин кишвар бар ӯҳда дорад.
Бархе аз таҳлилгарон бар онанд, ки манзури раисҷумҳури Туркманистон аз ислоҳи қонуни асосӣ ва эҷоди ниҳоди ҷадиде монанди «халқ маслиҳатӣ» фароҳам кардани замина барои ҷонишинии писараш Сардор Бердимуҳаммедов аст.
Ин таҷриба аллакай дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст ва зоҳиран Бердимуҳаммедов мехозад онро истифода кунад.
Қарор аст интихоботи маҷлиси болоии Туркманистон дар моҳи марти соли 2021 баргузор шавад.
Ҳамчунин аз аввали январи соли нав порлумони ин кишвар «Шӯрои миллӣ» номида шудааст, ки аз аъзои маҷлис ва «халқ маслиҳатӣ» шакл мегирад.