Рубрики Хабарҳо

Таҳдиди дузди зӯр —набераи муфтии собиқ ба соҳиби гов (навор)

Азаматуллоҳи 30-сола, набераи муфтии собиқ Амонуллоҳ Неъматуллозода, ки ба дуздии 20 ҳазор сомонӣ аз хонаи падарарӯсаш муттаҳам мешавад, ба оне, ки дуздии ӯро ифшо кардааст, таҳдиди куштан мекунад.

Дар як сабти садо, ки хонандаи Паём фиристодааст ва мегӯяд соҳиби садо писари Ҷамолиддини Амонуллоҳ аст, Азаматуллоҳ мегғяд, ки “дузд манам, чаро ба падарам занг мезанӣ? Гап дорӣ ба худам занг зан! Мо панҷ нафарем, меоем туро чок мекунему як нафарамон барои 10 сол ба зиндон меравем”.

Ин хонанда ҳамчунин навореро ба Паём фиристодааст, ки дар он дида мешавад ду нафар шабона аз тиреза ба хонае ворид мешаванд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *