Рубрики Хабарҳо

Лимити барқ баргашт

Хабаргузории АзияПлюс бо истинод аз як манбаъ дар ҳукумати кишвар  иттилоъ дод, ки сар аз рӯзи 5-уми январ, аз соати 23 шаб то 6-и субҳ дар аксари манотиқи Тоҷикистон барқ қатъ карда мешавад.

Ҳамин тавр расман лимити барқ ё реҷаи додани он ҷорӣ мешавад. 

Бино ба гуфти манбаъ ин тасмим бар пояи кам шудани сатҳи оби  обанбори НБО Норак гирифта шудааст, ки айни ҳол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 метр поинтар будааст. 

Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани хунукиҳои сибирӣ ба кишвар дар давоми ин ҳафта хабар медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *