Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои наврасони пойтахт курсҳои ройгони омӯзиши забони русиро ташкил намудаст.
Бар асоси хабари котиботи раёсати мазкур, ҳадаф аз баргузории курси мазкур ин ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиш ва ҳамчунин корҳои муфид арзёбӣ мешавад.
Дар хабар таъкид шудааст: “ шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боиси ташвиш гардидааст. Аз ин рӯ, мукаммал намудани савияи дониши ҷавонон яке аз роҳҳои пешгирикунанда ба ҳисоб меравад».
Гуфта мешавад, аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба иштирокдорони курси мазкур маводи конселярӣ тақсим карда шудааст.
Қаблан Владимир Путин президенти Русия низ зимни як ҳамоиш изҳор дошта буд, ки дар қаламрави кишвараш теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд ва барои миллионҳо аз ин нафарон омӯзиши саривақтии забони русӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар аксар ҳолатҳо, маҳз надонистани забони русӣ, муҳоҷиронро ба ҳаргуна мушкилиҳо рӯбарӯ мекунад.
Умед Ҷайҳонӣ забоншиноси тоҷик ин иқдоми ҳукуматро, ки барои пешгирии ифротгароӣ рабт дода шудааст, бо назари танқид нигариста, мегуяд, омӯзиши забони русӣ чораи пешгирӣ аз ифротгароӣ нест. Аз эҳтимол дур нест, ки “ҷавонҳо русиро ки ёд гирифтанд Русия мераванду онҷо ба чанги сарбозгирони ДОИШ уфтода, Афғонистон бурда мешаванд то аз онҷо ба Тоҷикистон ҳамла кунанд. Аксари доъишиҳои тоҷик аз Русия ба Сурия рафта буданд. Забони русӣ чораи пешгирӣ аз ифротгароӣ нест. Ифротгаро дар Русия ҳазорон бор бештар аз Тоҷикистон аст. Ҷавонҳоро забони миллӣ бояд ёд дод то тоҷик шаванду аз фарҳангу адаби тоҷикӣ баҳравар шаванд. Русӣ тоҷикҳоро манқурт мегардонад”.
Зафар Суфӣ, шоир ва рӯзноманигор бо киноя ба мубтакирони ин иқдом мегуяд, инҳо вонамуд мекунанд, ки ин корашон дар ростои пешгирӣ аз ифротгароист. Дар асл ҳадафашон худро назди «оқпошшо» ширин кардан ва ризоияти уро ба даст овардан асту бас.