Вазорати корҳои дохилии Русия ният дорад, ки раванди гирифтани шаҳрвандиро барои хориҷиён дар Федератсияи Русия осон кунад
Александр Горовой, муовини аввали зири корҳои дохилии Русия гуфтааст, ки Вазорати корҳои дохилии Русия ният дорад, ки раванди гирифтани шаҳрвандиро дар Федератсияи Русия осон кунад .
Рӯзи душанбе Горовой дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфт: “Мо ҳама чизро бо мақсади беҳбуд бахшидан ба раванди гирифтани шаҳрвандӣ анҷом медиҳем”
Ӯ қайд кард, ки вазорат ба онҳое, ки барои муддати тӯлонӣ ё абадӣ омадаанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои нисбатан осон барои муҳоҷират, кӯшишҳои худро карда истодааст.
“Мо аз касоне ки дар кишвари мо дарс хонданд, мутахассисони баландихтисос ва донишҷӯён, шаҳрвандони кишварҳои хориҷие, ки мехоҳанд зудтар шаҳрвандӣ гиранд бо ду даст пешвоз мегирем. Вазорати корҳои дохилӣ барои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар масъул аст”.- афзудааст Александр Горовой