Рубрики Хабарҳо

Издивоҷ

Ба номи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон

Издивоҷ аз муқаддастарин  пайванд дар ҳаёти инсоният аст.

Издивоҷ пайвандест, ки ду нафари аз ҳам куллан бегонаро азизтарини ҳамдигар мегардонад ва оилаҳои бегонаро бо ҳам пайваст мекунад.

Агар ба фоидаҳои издивоҷ аҳамият диҳем, мебинем, ки ҷисман ва  рӯҳан фоидаҳои бешумор дорад.

Инҷо метавон дар бораи чанде аз муҳимтарин фоидаҳои никоҳ гуфта гузарем.  Шахсе, ки барои издивоҷ саъйу кӯшиш мекунад, Худи Аллоҳ ёрии ӯро бар душ мегирад.

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси худ мегӯянд:

“Шахсе, ки ба хотири аз гуноҳ нигоҳ доштани иффати худ кӯшиши издивоҷ мекунад, Аллоҳ кӯмак ба ӯро ба ӯҳдаи худаш мегирад”. (Тирмизӣ 4/134)

Барои ҳамин ҷавононе, ки барои издивоҷ қадамҳои худро мегузоранд, бидонанд, ки ёрии онҳоро худи подшоҳи осмонҳову замин кафолат додааст.

Инчунин, издивоҷ комилкунандаи нисфи имони мусалмон мебошад. Паёмбар алайҳи салом мегӯянд:

“Ҳар касе, ки издивоҷ мекунад, нисфи имони худро комил месозад”. (Табаронӣ 972 )

Чигунае, ки беҳамсар будан сабаби сар задани аксари гуноҳҳои разила аст, издивоҷ сабаби иффати инсон ва василаи дурӣ аз гуноҳ мебошад.

Издивоҷ суннати паёмбарони пешин ва паёмбари мост. Вақте назди Паёмбар марде гуфт, ки ман ҳамеша машғули ибодат хоҳам буд ва ҳаргиз издивоҷ намекунам, Паёмбар гуфтанд:

“Никоҳ ин суннати ман аст ва ҳар касе, ки аз суннати ман руй мегардонад, аз уммати ман нест”. (Бухори 15/493)

Агар аз рӯи фоидаҳои ҷисмонӣ нигоҳ кунем, издивоҷ сабаби қавӣ гаштани масунияти ҷисм ва нигоҳдоранда аз бемориҳо мебошад. Чуноне,  ки уламои бахши тибби Амрико исбот кардаанд, нафароне, ки оиладор ҳастанд аз руи солимии бадан, аз беҳамсарон ба маротиб қавитару солимтар мебошанд. Аз байни ҳар сад нафари гирифтори бемории фишори хун ва дил, ҳафтоду панҷ нафарашон шахсоне ҳастанд, ки ҳамсар надоранд.

Аммо, аз ҷиҳати равонӣ, издивоҷ сабаби оромиши равон ва асаби инсон мебошад. Барои мисол, санҷиши таҷрибавие, ки соли 2010  дар иёлати Флоридаи Амрико анҷом дода буданд, муайян шуд, ки аксари нафарони ҳамсарнадошта, гирифтори дараҷаҳои олии бемориҳои равонӣ ва асаб будаанд. Бино ба ташхиси коршиносони ин соҳа, асари гармонҳои зараровари дар ҷисм вуҷуддошта сабаби ин бемориҳо будааст

. Аммо, онҳое, ки оиладор ҳастанд, нисбатан, ин гармонҳо дар ҷисмашон хеле кам аст ва аъсобу равони ором доранд. Аз ин ҷост, ки Аллоҳ дар Қурон мегӯяд

“Ва аз нишонаҳои илоҳӣ ин аст, ки барои шумо аз худи шумо ҳамсар офарид, то дар канори ҳамдигар оромиш ёбед”. (сураи Рум, ояти 21)

Ба касе пӯшида нест, ки аксарияти кудакони маъсум, ки бо бемориҳои вазнини модарзодӣ таваллуд мешаванд ё тифлакони мискин, ки дар ятимхонаҳо парвариш меёбанд, натиҷаи робитаҳои номашрӯъе мебошад, ки волидонашон муртакиб шудаанд. Ин гуна кӯдакон, ки дар ҳаёти худ муҳаббати оилавӣ, меҳри модару ғамхории падарро намебинанд, чигунагии хешу ақрабогӣ ва силаи раҳм барояшон бегона аст. Таҷриба нишон додааст, ки бо вуҷуди беҳтарин тарбия, аксарияташон сангдил ба воя мерасанд. Албатта ин ба зарари ҷомеъа аст.

Мепардозем ба баррасии ҳукми издивоҷ.  Издивоҷ ба нафароне фарз аст, ки медонанд, агар хонадор нашаванд, хатари ба гуноҳ даст задан онҳоро таҳдид мекунад ва танҳо издивоҷ онҳоро аз олудагӣ ба гуноҳ боз медорад. Ин гуна афрод ҳатман бояд издивоҷ кунанд.

Издивоҷ ба нафароне суннат аст, ки иродаи мустаҳкам доранд ва агар издивоҷ накунанд ҳам, метавонанд аз даст задан ба гуноҳ худдорӣ намоянд. Аммо, издивоҷ, ки камоли нисфи имон ва суннати пайғамбарон аст, издивоҷ мекунанд.

Ногуфта намонад, ки оиладор шудан ба иддае мувофиқи шариати Ислом ҳаром ва гуноҳ аст. Онҳое, ки бемориҳои ҷиддӣ доранд ва ё аз руи қудрати молиявӣ ҳато ғазои якрӯзаи оиларо таъмин карда наметавонанд, албатта ин гуна афрод дар ҷомеъа хеле кам ҳастанд ва то ин дараҷа паст будани шароити молиявиашон шояд  сабабҳое дошта бошад ва ё беморҳои дигар бошад, ки медонанд, агар издивоҷ кунанд, ба ҳамсарашон зулм мекунанд, ин гуна афрод то бартараф шудани мушкилиҳои худ набояд издивоҷ кунанд.

Рӯзе пайғамбари Худо (с) гуфтанд:

“Эй ҷавонон! Кадоме аз шумо тавони издивоҷро дошта бошад, пас издивоҷ кунад, зеро никоҳ нигоҳдорандаи чашму шаҳвати инсон аз даст задан ба гуноҳ аст. Касе, ки аз шумо тавони  издивоҷро надошта бошад, пас рӯза бигирад. Зеро рӯза, ӯро аз гуноҳ нигоҳ медорад”. (Бухорӣ 5066)

Дар ин ҳадис Паёмбари гиромӣ издивоҷ карданро вобаста  ба тавоноӣ донистаанд. Пас, ҷавоне, ки медонад бемор аст ва ё мушкилии ҷиддии дигар дорад, бояд бидонад, ки издивоҷи ӯ сабаби бадбахтии як духтари бечора мегардад. Духтаре, ки бо сад умеду орзӯ ба ҳамсарии ӯ мебарояд, дучори мушкилие мегардад, ки тамоми умр домангираш мешавад. Бинобар, набояд ба хотири

издивоҷи худ якеро бадбахт созем. Ҳамчунин ин тавсияи мо ба хоҳарон низ тааллуқ дорад.

Аммо, бояд қайд кард, ки агар инсон ба хотири донишомӯзӣ ва ё амалҳои солеҳи дигар, ки воқеъан арзиши аз издивоҷ бузургро дорад ва тули тарих боқӣ мемонад  издивоҷ накунад, боке нест. Метавон ба ин аз гузаштаи бузургон мисол зад.

Имом Бухорӣ раҳматуллоҳи алайҳ дар умри худ асло издивоҷ накарда буданд. Вақте эшонро пурсида шуд, ки чаро издивоҷ намекунанд, гуфтанд:

“Ҳамеша ба хотири талаби илм, барои ҷамъоварии ҳадиси расулаллоҳ дар сафар ҳастам. Ҳамеша машғули илм ҳастам. Аз ин рӯ намехоҳам бо зане издивоҷ намоям, ки ӯ мудом мунтазири ман бимонад. Намехоҳам, ки ба ҷойи  хушбахт намудан, ӯро бадбахт созам ва золими сараш гардам”.

Оре ин бузургвор тарки бузургтарин неъмат карданд аммо ба ивазаш дувумин муқаддастарин китоб пас аз Қуронро барои уммати Муҳаммади мерос гузоштанд китобе ки бо гузашти асрҳо ҷойгоҳу эътибораш ҳамчун сарчашмаи асосии шариъат боқист.

Ҳамчунин, Имом Аҳмади Ҳанбал низ, хеле дер издивоҷ кардаанд. Вақте имомро пурсиданд, ки чаро дер издивоҷ кардед, Имом гуфтанд:

“Ман модари пире дорам. Модаре, ки вақте падарам вафот кард, хеле ҷавон буд. Аммо, ба хотири ман издивоҷ накард, то маро бузург кунад ва ба ман тарбияи хуб бидиҳад. Акнун, ки ман бузург шудаму модарам мӯҳтоҷи ман аст, намехоҳам хонуме ба даргоҳам ояду мабодое модарамро биозорад. Вақте модар барои ман фидокорӣ кард, чаро ман накунам? Ба ҳамин хотир, то замоне, ки модарам дар барам ҳаст, ғамхорӣ ба ӯро ғанимат медонам”.

Ин амали Имоми Аҳмад улгуи бузургест барои уммати ислом. Як фарди бузург, соҳиби мазҳаби чаҳоруми аҳли суннат ба хотири накӯӣ ба модар хоҳишҳои худро ба таъхир гузошт. Ин ибрат барои уммат аст, то  бидонем, дар таърих мардҳое буданд, ки модарро болотар аз хостаҳои худ медонистанд.

Таҳияи Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *