Рубрики Хабарҳо

Сарвар Дониш: Толибон сабаби шикасти музокироти Қатар шудаанд

Ҳукумати Афғонистон мегуяд, Толибон  бо ташдиди ҷанг, напазируфтани оташбас ва исрор бар дохил кардани талаботи хоси онҳо дар дастури кори музокироти байни афғонҳо, сабаби шикасти музокироти Қатар шудааст.

Сарвар Дониш, муовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран дар Кобул гуфт, ки

Толибон исрор дорад, тавофуқномаи ин гурӯҳ бо Амрико дар Доҳа мабнову марҷаи ҳамачиз бошад, дар ҳоле, ки давлат пешниҳод кардааст, ки мабнои ҳама чиз Қуръону суннат ё шариат бошад, аммо онҳо акнун барои касби қудрат аз шариат ҳам шона холӣ мекунад. 

Сарвар Дониш пеш аз ин низ бо таъкид бар фишори Толибон дар низоми Афғонистон гуфта буд, ки ин гурӯҳ метавонад аз тариқи интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ба аҳдофи сиёсиаш даст пайдо кунад

Музокироти ҳукумати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон ҳудуди як моҳ пеш дар Қатар оғоз шуда, аммо то кунун натиҷае надоштаву ҷанг миёни тарафҳо дар ҳоли шиддат ёфтан аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *