Categories Хабарҳо

63 вакили бесалоҳият 27 миллиони мардумро имсол беҳуда мехӯранд

Хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 27 миллион сомониро ташкил хоҳад дод. 63 вакил, ки ба ҷуз пахш кардани тугмачаи “тарафдор” ҳеҷ кори дигаре надоранд, ин миқдор пули буҷаро соли оянда масраф мекунанд.  

Албатта ғайри вакилон ҳудуди 300 нафари дигар дар парлумони бесалоҳияти Тоҷикистон кор мекунанд, аммо фаъолияти онҳо бастагӣ ба вуҷуди ҳамин вакилон дорад, ки агар набуданд, ҳеҷ коргари дигар ҳам лозим набуд.

Тибқи иттилои нашрияи порлумонии , Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия 13 – уми декабри соли 2022 лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагонро барои соли 2023 дар ҷаласаи якҷоя баррасӣ намуда, онро маъқул шуморида, барои қабули қарори дахлдор ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд. Лоиҳаи мазкур, мисли аксари кулли лоиҳаҳо бе ягон тағйирот қабул шудааст.

Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи назорати дастур ва ташкили кори порлумони Тоҷикистон гуфтааст, мутобиқи санадҳои мазкур, мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ — 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ — 1 нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ — 117 нафар ва мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ) — 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи ӯ “тибқи тақсимоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагон 27 миллиону 188 ҳазору 840 сомонӣ ҷудо гардидааст”.

Гуфтанист, масрафи Маҷлиси намояндагон дар соли 2023 дар муқоиса ба хароҷот дар соли гузашта, 6 миллион сомонӣ бештар аст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *