Рубрики Хабарҳо

Дар Узбекистон аз канда шудани сади Қайроққум гуфтанд

Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.

Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон , ин маълумотро бардурӯғ унвон кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба мисли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳо бовар накунанд.

Тибқи хабаргузории “Кун.уз”-и Ӯзбекистон, овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанд байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омадааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *