Кишварҳои Аврупо ва иёлоти муттаҳида ба боздошти Алексей Навалний, мухолифи маъруфи ҳукумати Русия вокуниш карданд. Навалний дирӯз, якшанбеи 17 январ ҳангоми бозгашт аз Олмон ба кишвараш дар фурудгоҳи “Шереметево”-и Маскав боздошт шуд.
Олмон эълон крад, ки дар сурати раҳо нашудани Навалний метавонад тамоми муомилот бо Русия, аз ҷумла хати интиқоли барқи “Северний поток”-ро бозбинӣ хоҳад кард.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо нашри як баёния хостори «озодии фаврӣ ва бе қайду шарт»-и ӯ шуд ва таъкид кард, ки мушкили Русия Навалний нест. Пампео ин амалкарди Русияро «хомӯш кардани Навалний ва дигар чеҳраҳои мухолиф ва садоҳои мустақиле» донист, ки аз мунтақидони ҳукумати Русия ҳастанд.
Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, он раҳбарони сиёсӣ, ки эътимод ба нафс доранд, «аз садои рақибон наметарсанд, ва на ба хушунат алайҳи онҳо даст мезананд ва на иқдоме хато дар амри боздошти мухолифоти сиёсӣ мекунанд».
Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден дар «Твиттер» навишт, «ҳамлаи Кремлин ба оқои Навалний танҳо як мавриди нақзи ҳуқуқи башар нест, балки тавҳин ба мардуми Русия аст, ки мехоҳанд садояшон шунида шавад».
Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо боздошти ин чеҳраи мухолифро «ғайри қобили қабул» хонд ва хостории озодии фаврии ӯ шуд. Оқои Мишел дар «Твиттер» навишт, «боздошти Алексей Навалний ҳангоми вуруд ба Маскав, ғайри қобили қабул аст. Ман аз мақомоти Русия мехоҳам, ки ӯро бе таъхир озод кунанд».
Латвия, Литва ва Эстония — се кишвари минтақаи Балтика бо нашри баёнияи муштараке аз ин амалкарди Маскав интиқод карданд. Мақомоти кишварҳои Фаронса, Италия, Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон низ боздошти Алексей Навалнийро маҳкум намуданд.
Пештар аз ин Хадамоти Федеролии Зиндонҳои Русия гуфта буд, пешвои мухолифонро боздошт мекунанд, чун ӯ қоидаҳои адои зиндони шартӣ ва берун нарафтан аз Русияро риоят накардааст. Алексей Навалнийро соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ ба зиндони шартӣ маҳкум карда буданд.
Бар асоси қонун, мумкин аст, Алексей Навалнийро то ба 3.5 соли зиндон маҳкум кунанд.
Алексей Навалний дар мавриди фасоди идорӣ ва молии мақомоти Русия чандин таҳқиқот анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ ошкор кардааст, ки ширкатҳои наздик ба президенти Русия Владимир Путин тиҷоратҳои бузургро дар даст доранд.