Рубрики Хабарҳо

Артиши пулакӣ, талаби озодии Бобои Дона ва бозгашти Навалний —муҳимтарин матолиби ҳафтаи гузашта

 Тафсири муҳимтарин мавзӯъҳои ҳафтаи гузаштаи расонаҳои тоҷикӣ аз Азимҷони Ваҳҳоб

Мисли ҳафтаҳои гузаштаи аввали соли 2021, ҳафтаи пеш аз охири моҳи январ ҳам пур аз чолишҳову навигариҳо ва мушкилоти нав барои мардуми озордидаи кишварамон буд. Аз тағйиру иловаи баъзе қонунҳо сар карда, то барномарезиву нақшакашиҳои ҳадафманди мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани будҷа, беҳтараш бигӯем кисаи худ аз ҷайби мардум ва таъсири ҳаводиси минтақа ва ҷаҳон. 

Аз ҷумла ду масъалае, ки берун аз кишварамон ва ҳатто ҳазорҳо километр дуртар аз он рух дод, яке рафтани Доналд Трамп аз Кохи сафед ва дигарӣ бозгашти Алексей Навалний мухолифи саршиноси Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки ҳарчанд таъсири бевосита ба мардуми кишвари мо надошта бошанд, аммо ҳатман таъсири ғайримустақим, вале ҷиддӣ доштанду доранд. Масалан, баъд аз ворид шудани Ҷо Байден ба Кохи сафед ва тағйири билофосилаи бархе сиёсатҳои байналмилалии Амрико, кишварҳои дигар аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки дар баъзе сиёсатҳои худ таҷдиди назар кунанд. Аз сӯи дигар, мутмаинан ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, раванди тағйири ҳукумат дар Амрикоро моҳҳост, ки дунбол мекарданд. Ҳамчунон, ки ин корро расонаҳои тоҷикзабон ҳам карданд. Яъне дар маҷмӯъ ҳаводиси дохилӣ ва ҳам хориҷӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар, ҳукумат, расонаҳо ва мардуми оддӣ низ таъсир мегузорад. Чунин таъсиргузориҳо бешак дар ҳама кишварҳо ҳаст. 

Аммо талоши қариб ба иттифоқи ҳамаи кишварҳои демократӣ ин аст, ки тағйири як ҳукумат ва ё қонун бо назардошти манфиатҳои мардум сурат бигирад. Зиндагии мардум беҳтар шавад. Мушкилот камтар гардад. Яъне ҳукумат барои мардум кор мекунад ва қонун мутобиқ бо шароит ва вазъияти мардум тағйир меёбад. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? 

 Ҳафтаи гузашта яке аз муҳимтарин матолиби расонаҳо дар ҳамин маврид буд. Яъне, қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”.

    Пул бидеҳ, хидмат накун!

 Тақрибан ҳамаи расонаҳо дар ин маврид навиштанд. Аз ҷумла рӯзи 18 – уми январ сомонаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МНМОҶТ) дар хабаре зери унвони “ хабар дод, ки ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 

 19 — уми январ ҳам, сомонаи Радиои Озодӣ дар матлабе бо номи “.”, зимни инки аз мавриди баҳс қарор гирифтани масъалаи мазкур дар Шӯрои Маҷилиси Намояндагон хабар дод, нигаронии ҳомиёни ҳуқуқро ҳам дар матлаби худ ҷой дод. Аммо рӯзи 20 – уми январ ҳамаи сомонаҳо аз ҷумла сомонаи МНМОҶТ хабар доданд, ки аллакай лоиҳаи мазкур аз тарафи парлумони Тоҷикистон қабул шудааст ва чунонеки ин сомона менависад, масъалаи “Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, масъалаи “калидӣ” будааст. Илова бар ин, Азия – Плюс хабар дод, ки тағйироти мазкур аз ҷониби президент пешниҳод шуда буд. Аммо чӣ тағйир кард? Ва чаро ҳомиёни ҳуқуқ, коршиносони масъала ва иддаи зиёде аз мардум нигаронанд?

Чунонеки Озодӣ дар матлабе бо унвони “”, ин масъаларо ба баррасӣ гирифт, аз ин ба баъд:

  • Ҳар сол 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, боқимондаҳо метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд;
  • Ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хизмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд; (Қаблан 40 рӯз буд);
  • Танҳо шахсоне ба ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хизмати ҳарбӣ кардаанд;

Ин 3 тағйири муҳимме аст, ки дар лоиҳаи нави қонуни хидмат дар артиш сурат гирифт. Хуб, табиӣ аст, ки мақомот ҳадаф аз тағйироти воридшударо “беҳтар кардани сифати хидмати ҳарбӣ” меноманд, чун аз тарафи президент пешниҳод шудааст. Не “ҳақ” доранд ва не “ҷуръат” — ашро, ки онро рад кунанд. 

Аммо назари коршиносон, мардум ва мухолифони ҳукумат чист? Оё онҳо ба суханони мақомот бовар доранд? Ин масъала низ то андозае мавриди баррасии расонаҳо қарор гирифт. Ба унвони мисол, Озодӣ дар матлаби дар боло зикршудааш, назари чанд нафар коршиносу ҳомии ҳуқуқро овардааст, ки нисбати ин тағйирот назари мусбат надоранд. Аз ҷумла Дилбар Самадова, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд: “Бо ин шева танҳо ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ба хизмат ҷалб хоҳанд шуд, ки як навъи табъиз аст.” Ҳамчунин мусоҳиби дигари Озодӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов бар ин бовар аст, ки: “Чунин тағйирот наметавонад ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавононро ба артиш ва ё ба истилоҳ “сарбозшикор” кам кунад. “На фақат “облава” дар Тоҷикистон нест намешавад, балки фасод (коррупсия) дар соҳаи даъват ба хизмати ҳарбӣ зиёд мешавад.”

Аммо сомонаи Паём.нет яке аз сомонаҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, дар матлаби нисбатан калонтаре бо титри “?”, аз ҷумла навишт: “Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Миллии Тоҷикистон тарҳи қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ»-ро тасвиб кард, ки амалан қабули пешниҳоди вакилони ҲНИТ дар соли 2012 аст. Аммо ин дафъа пешниҳод аз чониби вазири дифоъ сурат гирифт ва “бо як овоз қабл шуд”. Паём дар идома менависад, ки баъзе тағйироте, ки феълан ба қонуни мазкур ворид шудааст, аз бархе пешниҳодҳои 8 соли пеши ҲНИТ фарқ доранд ва илова мекунад: “Ба назар мерасад ҳадафи аслӣ аз тасвиби ин қонун расмӣ кардани гирифтани маблағ барои билети ҳарбӣ аст. То ин замон даҳҳо ҳазор ҷавон барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ ришва пардохт мекарданд. Ҳоло давлат тасмим гирифтааст ин ришваҳо расмӣ шаванд ва ба хазинаи давлат ворид гарданд.”

Аммо, чаро он вақт ҳукумат ин лоиҳаро қабул накарду, ҳоло он бо дастури раиси ҷумҳур ва иттифоқи орои вакилон қабул шуд? Паём ба нақл аз коршиносе, ки нахостааст номаш зикр шавад, мегӯяд, ки “Ҳоло буҷа ба мушкили сахте дучор шудааст. Бояд бо ҳар роҳе даромади иловагӣ пайдо карда шавад.” Яъне ҳадаф пур кардани буҷа аз ҳисоби ҷавонони ба синни хадмати ҳарбӣ расида. Дар идома, Паём ба мушкилоти дигари ин тарҳ аз ҷумла: 

  • Танҳо ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ҷалб мешаванд;
  • Бархилофи пешниҳоди ҲНИТ, ҳеҷ ҳарфе дар бораи пардохти моҳона ба аскарон вуҷуд надорад;
  • Хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳо кам мешаванд;
  • Кормандони Комиссариати ҳарбӣ ба ҷои “облава” – и пешина, руйхати пули билети ҳарбӣ пардохт накардаҳоро гирифта, “облава” – ро дар хонаҳои онҳо анҷом медиҳанд;

низ ишора кардааст.

Ба ҳар ҳол, ба гуфти зарбулмасали машҳур “Аз барф халос шудему дар борон задем”…

   Бобои Дона — ро озод кунед!

 Дар масъалаи узви 87 – солаи ҲНИТ, Дониёр Набиев, машҳур ба Бобои Дона, ки дар аввали соли 2021 тавассути Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ба 7 – соли зиндон маҳкум шуд, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ бетараф намонданд. Яке аз мавӯъҳои муҳими ҳафтаи гузашта ҳамин масъала буд. 

Аз ҷумла, шабакаи хабарӣ ва таҳлилии Аздо ТВ, рӯзи 21- январ дар матлабе бо ин ном: “, хабар дод, ки Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки фавран Дониёр Набиевро озод кунад. Аздо ТВ аз қавли ин созмон навишт: “Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ кумак кунад.” 

Ҳамчунин Озодӣ дар матлаби зерин: “”, сӯҳбати видеоии намояндаи  Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Сийнат Султоналиеваро гузоштааст, ки вай мегӯяд, ки “Ҳукми Дона Набиев, баробар ба ҳукми қатл аст”. Султоналиева дар сӯҳбаташ илова мекунад, ки: “Дониёр Набиев феҳрасти дарози қурбониёни саркӯбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро дарозтар кард, ки баъди бӯҳрони ҳуқуқи инсон дар 7 соли пеш дар кишвар ба вуҷуд омад. Парвандаи ӯ шаҳодати он аст, ки ҳеч чизе пеши роҳи ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти Тоҷикистонро ҳаноми таъқиби мухолифони сиёсиаш намегирад. Ҳукми 7 соли зиндон, барои як марди 80 сола баробар ба ҳукми қатл аст, зеро тамоми далелҳо барои ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ӯ аз зиндон зинда берун намеояд ва далелҳо вазъи сиҳатии ӯ ва гузоришҳо дар бораи хуруҷи Ковид дар зиндонҳои Тоҷикистон аст”.

 Илова бар Дидбони Ҳуқуқи Башар, се созмони Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази Тоҷикистон оиди ҳуқуқи башар ва Фонди Бузургмеҳр Ёров ва дигар шахсиятҳои машҳури алоҳидаи мудофеъони ҳуқуқи инсон, рӯзи 22 – юми январ дар як баёнияи муштарак боздошти Бобои Донаро дорои “ангезаҳои сиёсӣ” номида, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, ки фавран ва бидуни қайду шарт Бобои Донаро аз зиндон озод кунад, ки дар ин маврид ҳам Паём.нет : “ ва ҳам Озодӣ дар хабаре таҳти номи “”, хабар ва матлаб нашр карданд. Дар матлаби Паём, ки нигаронии чандтан аз раҳбарони созмонҳои мазкурро дар матлабаш овардааст, аз қавли Эдвард Лемон, профессори Донишгоҳи Буш ва Донишгоҳи Техаси A&M ва раиси Анҷумани “Oxus” дар умури Осиёи Марказӣ (the Oxus Society for Central Asian Affairs), чунин мегӯяд: “Гузоштани Набиев дар пушти панҷараҳои зиндонӣ бо вуҷуди синни болояш ва замони вабо як амали ваҳшиёна ва интиқомҷӯёна дар баробари некиҳо мебошад, ки ӯ ба эҳтимоли зиёд наҷот наёбад.” Ӯ дар идома илова мекунад, мо аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, ки ҳадди ақал ба далелҳои инсонӣ Бобои Донаро озод кунад.

Оё ҳукумати Тоҷикистон ба нигаронии Созмонҳо ва шахсиятҳо ва шахсиятҳои алоҳидаи мудофеи ҳуқуқи башар, посух медиҳад? Ва оё ин посух чигуна хоҳад буд? Хомӯшӣ, такрори тӯҳматҳо ва ё озодии Бобои Дона? Феълан, ки маълум нест.

    Навалний ва тоҷикҳо

 Ба назарам аксари тоҷикҳо дигар медонанд, ки Алексей Навалний кист?! Аввали ҳафтаи гузашта, ӯ баъди бозгаштан аз кишвари Олмон, ки пас аз заҳролудшавиаш барои табобат ба онҷо интиқол дода шуда буд, тавассути мақомоти қудратии Русия дар фурӯдгоҳи Шереметовои шаҳри Маскав боздошт ва 30 рӯз ҳабс шуд. Дар ин маврид тақрибан ҳамаи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон навиштанду гуфтанду баҳс карданд. Албатта ба ғайр аз сомонаҳо ва расонаҳои ҳукуматӣ ва рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон. 

Масалан агар шумо дар бахши ҷустуҷӯгари хабаргузрии “Ховар” номи Навалнийро барои ҷустуҷӯ бинависед, мегӯяд: “Беҳуда накоб!” )))… . Аммо дар сомонаи рӯ ба мақомоти “СССР”, танҳо матлабе, ки дар бораи Навалний вуҷуд дорад, марбут ба соли 2018 аст – “”. 

Сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи хомӯшии расонаҳои давлатии Тоҷикистон, дар мақолае бо титри: “”, чунин навишт: “Мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи мухолифи ҳукумати Русия хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ҳарчанд коршиносон гуфтанд, дастгир шудани мухолифе ба монанди Алексей Навалний метавонад, барои кишварҳое чун Тоҷикистон «сабақи бад» бошад.” 

Аз маҷмӯи матолиби дар бораи Навалний дарҷшуда дар расонаҳои тоҷикзабон ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки таъсири масъалаи Наваланий аз чанд ҷиҳат барои тоҷикҳо муҳим аст:

  1. Нуфузи суннатии Русия дар Тоҷикистон. Ба ин маъно, ки ҳар ҳодисае, ки дар Русия сурат бигирад, аз онҷо, ки Русия дар Тоҷикистон нуфузи қадимӣ дорад ва тоҷикҳо ба масоили дохилии Русия бештар аз дигар кишварҳо таваҷҷӯҳ мекунанд, бинобар ин ҳодсаҳои марбут ба Навалний метавонад ба Тоҷикистон ҳам таъсири худро дошта бошад. Ҳамин масъаларо Озодӣ дар матлаби боло, аз қавли коршиносон таъйид мекунад: “Бо вуҷуди гуногун будани назари коршиносони тоҷик ба боздошти Алексей Навалний, пешвои мухолифон дар Русия, бештари онҳо бовар доранд, қазия метавонад «намунаи баде» барои баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бошад.” Албатта, намунаи “бад” ва ё “хуб” буданашро вақт муайян мекунад. Чун барои кишварҳои пасошуравӣ, пешгӯи кардани ҳама навъ ҳаводис кори чандон осоне нест;
  2. Вуҷуди милионҳо тоҷик ва зодаи Тоҷикистон, ба хусус муҳоҷирони корӣ дар Русия, ки бешак таҳаввулот ва ҳодисаҳои Русияро бевосита мебинанд, ламс мекунанд ва бо он зиндагӣ доранд. Расонаҳо аз як зодаи Тоҷикистон ба номи Самариддин Раҷабов, навиштанд, ки ҳамроҳи тарафдорони Навалний боздошт шуд: “«.;
  3. Меҳвари фаъолиятҳои Навалний “фасод” – и ҳоким дар ҳукумати Русия, ба хусус Владимир Путин раиси ҷумҳур ва атрофиёнаш аст. Масъалае, ки солҳост мардуми тоҷик бо он рӯ ба рӯянд ва зиндагии фақирона ва бадбахтиҳои рӯзгорашон таҳти таъсири фасоди ҳоким аз долонҳои ҳукумат сарчашма мегирад;
  4. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам мисли Русия мухолифи сиёсӣ дорад. Аммо ба фарқ аз Тоҷикистон, мухолифони ҳукумати Русия дар дохили он кишвар фаъолият доранд. Ҳарчанд бо онҳо барӯрд мешавад, аммо бархӯрдшуданҳо ҳам тафовут дорад. Аммо коре, ки Навалний ва тарафдорни ӯ анҷом доданд ва медиҳанд, ҳатман ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон таъсир дорад.

 Ҳамин мавзӯъро Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар вебгоҳи шахсиаш дар Ютуб, зимни як барномаи хосси видеоияш, зери номи: “”, ба таҳлилу баррасӣ гирифт. М.Кабирӣ бозгашти Навалний ба Русияро огоҳона ва барномарехташуда медонад. Ӯ мегӯяд: “Бозгашти Навалний натанҳо як иқдоми огоҳона буд, балки дуруст ҳам буд, зеро вазъияти байналмилалӣ ва ҳатто дохилии Русия комилан ба нафъи Навалний ва бар зарари Путин аст.” М.Кабирӣ муътақид аст, ки Русия бо вуҷуди як кишвари диктаторӣ буданаш, ба ҳадди кишварҳои осиёӣ диктаторӣ нест, ки дар онҷо расонаҳои ниммустақил фаъолият накунанд. 

Дар идомаи сӯҳбаташ М.Кабирӣ бозгашти Навалнийро бо бозгашти Зайд Саидов, тоҷири зиндонии тоҷик ва раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони озод” ва икни худаш ҳам дар чунин шароит қарор гирифт, муқоиса мекунад. Ва аз тафовутҳои широит ва фазои Русия бо Тоҷикистон мегӯяд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ натиҷагирӣ мекунад, ки: “Дар широити Осиёи Марказӣ ба хусус дар Тоҷикистон, мубориза аз хориҷ барои ислоҳи вазъ дар ин шабу рӯз беҳтар аст. ” Аммо мегӯяд, ки ин ба маънои он нест, ки мубориза якумр аз хориҷ бошад ва идома медиҳад: “Саддарсад муборизин бояд ба дохили кишвар баргарданд ва тағйиротро аз дохил анҷом бидиҳанд”. 

Ба ҳар ҳол, фазои расонаи тоҷикӣ дар ҳафтаи сипаригардида моломол аз ҳаводису рӯйдодҳои гунонгун буд ва ҳарчанд ин ҳама ҳаводису ахбор дар саҳифаҳои чанд расонаи ангуштшумор ҷой доштанд, аммо нишон аз ҷунбуҷӯш ва ҳаракат дар он дида мешавад! 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *