Рубрики Хабарҳо

Тиҷорати Суғд бо минтақаҳои Русия $616 млн.ро ташкил додааст

Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия сол аз сол афзуда, дар соли 2022 ба 616,6 млн доллар баробар шуд.

Дар ин бора раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев хабар додааст.

Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд вилоят бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайраҳо​ ҳамкории зич дорад.​

Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки​ вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки​ барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат намояд.

Муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев қайд кард, ки ҳадафи сафараш ба вилояти Суғд, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд, мусоидати вазорати саноат ва савдо дар густариши робитаҳои иқтисодӣ мебошад.​

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *