Раҳмон чанд муовин дар чанд ниҳодро иваз кард
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои фармонҳои ҷудогона барои тағйироти кадрӣ дар давлат афроди ҷадидеро ба симатҳои мудириятӣ дар Бонки миллӣ, Додситонӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Музеи миллии ин кишвар таъйин кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармонҳо муовинони ҷадиди Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Додситонии вилояти Бадахшон ва теъдоде аз ноҳияҳо ва низ мудири Музеи миллии ин кишварро таъйин кардааст.
Бар ин асос, Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода ба унвони муовинони ҷадиди раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Фарҳод Воситиён дар симати муовини ҷадиди вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин Аҳлиддин Ибодуллоҳзода ба унвони мудири ҷадиди Музеи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Раҳмон бо имзои чанд фармони дигар додситони вилояти Бадахшон, додситонҳои навоҳии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рашт, Сангвор, Бобоҷон Ғафуров ва Шоҳмансури шаҳри Душанберо таъйин кард.
Ҳамчунин тибқи ин фармонҳо мақомоте аз дафтари марказии Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ва бархе аз навоҳии Тоҷикистон низ тағйир кардаву ба ҷойи онҳо афроди нав муаррифӣ шудаанд.