Рубрики Хабарҳо

Асъор ва иқтисод 22.12.2020

Нархи арз

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 22 декабр эълон кардааст

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 100 рубли русӣ барои имрӯз 14 сомониву 95 дирам нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро 11 сомониву 30  дирам  арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13 сомониву 77 дирам  арзёбӣ кардааст.

Нархи тилло

Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи  имрӯз  миёни бонкҳои Лондон  1872 доллару 92  сент муомила шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта арзонтар аст.

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 50 доллару 40 сент муъомила шуд.

Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 47 доллару 37 сент муомила шуд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2020 дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон каме бештар аз 3,8 млрд кВт/соат барқ истеҳсол шуд, ки 8% (300 млн кВт/соат) камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.

Дар ҳамин давраи соли пешин дар неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ ҳудуди 4,1 млрд кВт/соат барқ истеҳсол шуда буд.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, бо назардошти барқи истеҳсолшуда дар марказҳои барқу гармидиҳӣ, тӯли 11 моҳ 17,7 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,3% (1 млрд кВт/соат) камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар ин давра ба ҳисоби миёна наздики 53 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба 92,3% ва марказҳои барқу гармидиҳӣ — ба 7,7% баробар аст.

Аз оғози соли 2020 аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи 53 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли гузашта 41,9% (38,2 млн доллар) камтар мебошад.

Аз ҷумла, тирамоҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 6,6 млн доллар неруи барқ содирот шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои сентябр-ноябри соли 2020 ба андозаи 55% (8,2 млн доллар) камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи имсол сокинони Тоҷикистон ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, дар интиқоли барқ маҳдудият доштаанд ва ҳамагӣ якчанд соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин мешуданд.

Вазъияти бамиёномадаро ширкати “Барқи тоҷик” , ки дар иншооти электроэнергетикӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ҷараён доранд.

Таъмини пурраи саросари кишвар бо неруи барқ аз 10 декабр барқарор шуд.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 1 млрд. 221 млн долларро ташкил дод, Бонки марказии Русия.

Дар ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми чунин интиқолҳо 434 млн долларро ташкил дода буд, ки қариб 3 баробар камтар аз нишондиҳандаи соли ҷорӣ аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2020 интиқоли фаромарзии афроди хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон (аз ҷумла тариқи низомҳои пардохт) 37% коҳиш ёфтаанд: аз 1 млрд 941 млн доллар то ба 1 млрд 224 млн доллар.

Ба интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ интиқоли ғайринақдӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ (резидентҳо ва ғайрирезидентҳо), ки бо кушодан ва ё бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ бо шумули интиқол тариқи низомҳои пардохт амалӣ мегарданд, дохил мешаванд.

Ба ин тариқ, метавон гуфт, ки соли равон интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб пурра (99,8%) бо истифода аз низомҳои пардохт анҷом дода шудааст.

Як сол пеш, аввали моҳи декабри соли 2019 Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Маркази миллии протсессингиро оид ба интиқоли маблағ бидуни кушодани суратҳисоб роҳандозӣ намуд. Ҳамагӣ дар муддати як моҳи кори марказ интиқоли маблағ тариқи низомҳои пардохт дар семоҳаи чорум 30% афзуд, ҳарчанд ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2019 ба андозаи 20% кам шуда буд.

Ҳиссаи интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт дар ҳаҷми умумии интиқол аз ҷониби шахсони воқеӣ дар соли 2019 — 25% (660 млн доллар) ва дар соли 2018 — 33% (835 млн доллар)-ро ташкил дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, пандемияи ҷаҳонии коронавирус дар Тоҷикистон ба шумораи ҷойҳои нави корӣ таъсир нарасонд, балки ба арзиши хидматрасонии кормандон дар бозори дохилӣ таъсир расонд

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар корхонаю ташкилотҳои мухталиф беш аз 24,6 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, иттилоъ медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳамин тариқ, дар пасманзари пандемияи коронавирус шумораи бекорон дар Тоҷикистон қариб 1% коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, беш аз 15,7 ҳазор ё 64% тамоми ҷойҳои нави корӣ барои одамон доимӣ мебошанд.

Дар баробари ин, боз 3,7 ҳазор ҷойҳои корӣ барқарор карда шуданд.

Айни замон, дар мақомоти меҳнатӣ шумораи расмии бекорони ба қайд гирифташуда 51,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин, дар навбати худ, нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 0,9% камтар аст.

Дар маҷмӯъ, аз оғози сол дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 75 ҳазор нафар сабти ном шудааст. Тибқи маълумоти Агентии омор, ин нишондиҳанда, нисбат ба як соли пеш 3,2% камтар аст.

Коршиносон қайд мекунанд, ки пандемияи коронавирус ба бозори меҳнат таъсири манфӣ расонидааст ва бинобар баста шудани сарҳадҳо замони авҷи рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ аз баҳори соли 2020, аксари онҳо натавонистанд ба кор раванд.

Ин ҳамзамон ба паст шудани арзиши хизматрасонӣ барои коргарон дар бозори дохилӣ таъсир расонид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *