Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки дар Аврупо паноҳанда аст, алайҳи додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ариза навиштааст. Ӯ талаб дорад додситони рақами аввали кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ба истеъфо фиристода шавад.
Ду рӯз қабл дар як муроҷиати видеоӣ (дар поён) ӯ қонуншиканиҳои Юсуф Раҳмон ва муовинонаш дар нишасти хабариро собит ва талаб намуда буд онҳо ҷавобгар карда шаванд. Имрӯз ӯ муроҷаиташро дар шакли ариза ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон расонаӣ кард.
Ҳуқуқшиноси тоҷик ҳамчунин хабар додааст, дирӯз муроҷиаташ дар сайти раисҷумҳури Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст. “Акнун ҳама хоҳем дид, ки чӣ гуна талаботи қонунҳо аз тарафи Ҳукумат риоя мешаванд” — навиштааст Ҷамшед Ёров.
Манти аризаи Ёров ба шали зер аст:
Ба Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
Аз номи шаҳрванди Тоҷикистон
Ёров Ҷамшед Равшанович, мувақатан истиқоматкунандаи ҷумҳурии Лаҳистон,шаҳри Варшава кӯчаи Мархолта 29 ҳуҷраи 3 телефон: +48 514243422. Email: DzhamshedYorov@protonmail.com
А Р И З А
(оиди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани Прокурори
генералии чумҳурии Тоҷикистон)
Аризаи мазкур дар асоси талаботҳои қонунгузории Тоҷикистон оид ба муроҷиати шаҳрвандон ва муқаррароти сархати сеюми қисми 1 моддаи 81 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба унвонии шумо барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани прокурори генералии Тоҷикистон шаҳрванд Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва дигар ашхос, ки дар рафти нишасти матбуотии 14.07.2020 сол баргузор гардида, тартиб ва пешниҳод карда мешавад.
14.07.2020 сол дар бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки прокурори генералии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба саволҳои рузноманигорон прокурори генералӣ ва муовинони ӯ ҷавоб гуфтанд.
Аз сабти нишасти матбуотӣ ва суратҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошташуда аз ин нишаст дида мешавад, ки Раҳмон Юсуф ва муовинони ӯ даст ба қонуншиканӣ заданд.
Аз ҷумла, дар толоре, ки нишасти матбуоти баргузор мегардид Раҳмон Юсуф ва муовинони у бе никоб қарор доштанд, ки ин бархилофи талаботи қисми 1 ва 2-и моддаи 112, ва инчунин талаботи моддаи 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷое, ки ҳуқуқвайронкунанда шаҳрванд Раҳмон Юсуф Аҳмадзод суханронӣ мекунад толор аст, яъне ҷои ҷаъмиятӣ. Тамоми рӯзноманигорон, наворбардорон бо ниҷоб мебошанд ва муқарароти қонунро риоя карда истодаанд.
Мутобиқи Сарқонуни Тоҷикистон ҳама дар назди суд ва қонун баробаранд ва инчунин ҳама шаҳрвандон, новобаста аз мансаб ва ё дигар бартариятҳо бояд, ки талаботҳои қонунҳоро риоя кунанд. Қонунгузор ягон ҳолати истисноии бе ниқоб дар ҷои ҷаъмиятӣ ҳузур доштанро қайд накардааст. Аз ин лиҳоз, Раҳмон Юсуф ягон сабаби қонунии дар ҷои ҷаъмиятӣ бе никоб ҳузур доштанро надошт.
Дар ҷои ҷаъмиятӣ бе никоб ҳузур доштан аломатҳои таркибии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 112 ва 113 КҲМ ҶТ-ро дорост. Кирдори Раҳмон Юсуф ва муовинони ӯро метавон бешубҳа ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб кард, чунки ҳар чор унсури ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар он чой дорад:
1-объекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолӣ дар шароити пайдоиш ва паҳни касалихои сирояткунанда аст.
2- тарафи объективии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин бе ниқоб дар ҷои ҷаъмиятӣ ҳузур ва суханронӣ намудан мебошад
3-субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – шахси мансабдор, прокурори генералӣ Рахмон Юсуф Аҳмадзод ва ду муовини он,
4- тарафи субъективии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ин гуноҳ дар шакли нияти бевосита мебошад.
Тамоми далелҳои тасдиқкунандаи содиршудаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Раҳмон Юсуфу муовинонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Ба гайр аз ин дар толор рӯзноманигорон ва наворбардорон низ иштирок доштанд, ки чун шохиди ин амал метавонанд пурсида шаванд.
Аз ин лиҳоз ба унвонии Шумо бо аризаи мазкур барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани прокурори генералии ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва дигар ашхос муроҷиат мекунам.
Аризадиханда:
Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос
15.07.2020