Рубрики Хабарҳо

Ҷаласаи маҳрамонаи давлати Амрико ва Маҷлиси Сенат дар бораи Эрон

“Политико” аз баргузории ҷаласаи маҳрамона бо ширкати мақомоти аршади давлати Ҷо Байден ва намояндагони Сенат бо мавзӯъи Эрон хабар додааст. Венди Ширман, қоиммақоми вазорати умури хориҷаи Амрико ва Колин Кал, муовини вазири дифоъ дар ин ҷаласа ҳузур доранд. 

“Политико” ҳамчунин гузориш дод, ки Роберт Милли, фиристодаи вижаи Иёлоти муттаҳида дар умури Эрон “бинобар қарор доштанаш дар мураххасӣ” дар ин ҷаласа, ки ба дархости Митч Макконнелл, раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳи Маҷлиси Сенат баргузор мешавад, ҳузур нахоҳад дошт ва муовини ӯ Абрам Пели ба ҷойи ӯ дар ҷаласа ширкат хоҳад кард. 

Венди Ширман, ки ба гуфтаи “Политико” ба зудӣ бознишаста хоҳад шуд, дар ин ҷаласа, ки нахустин ҷаласаи вижа байни аъзои давлати Ҷо Байден ва намояндагони Сенат дар робита бо Эрон маҳсуб мешавад, дар бораи вазъияти музокироти эҳёи Барҷом тавзеҳ хоҳад дод. 

“Политико” ҳамчунин дар гузориши худ ба нақл аз дастёри яке аз сенаторҳои демократ, бидуни ишора ба ҷузъиёт, аз дастёбӣ ба пешрафтҳое дар музокироти ҳастаӣ хабар додааст. 

Дар миёни ҳозирон дар ин ҷаласа, номи Морган Майер, муовини мудири иттилооти миллии Иёлоти муттаҳида, Брайан Нелсон, муовини вазири молия дар умури терроризм ва иттилооти молӣ ва Стивен Колер, муовини ситоди нерӯҳои мусаллаҳ низ дида мешавад. 

Митч Макконнелл, раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Сенат, пеш аз ин борҳо бо интиқод аз давлати Ҷо Байден, аз афзоиши таҳдидоти Ҷумҳурии Исломӣ дар замони рӯйи кор омадани давлати демократҳо хабар дода буд. Интиқодоти ӯ ба давлати Байден, ба вижа дар пайи марги як паймонкори амрикоӣ дар Сурия дар асари ҳамлаи гурӯҳҳои ниёбатии вобаста ба ҳукумати Эрон афзоиш ёфта буд. 

Рӯзномаи Волл Стрит Жорнал рӯзи якшанбе, 14 май дар гузорише ба нақл аз мақомоти амрикоӣ навишт, ки дар ҳамлаи паҳподии миёнаи моҳи апрел  ба пойгоҳи Амрико дар шимолу шарқи Сурия, илова бар кушта шудани як паймонкори амрикоӣ, беш аз 24 тан аз кормнадони ғайринизомӣ ва низомии амрикоӣ захмӣ шуданд. Омори маҷрӯҳони ин ҳамла дар рӯзи нахуст, панҷ нафар эълом шуда буд. 

Дар ҳамин гузориш омадааст, ки мақомҳои амрикоӣ пас аз баррасии лошаи паҳподи муҳоҷим итминон пайдо карданд, ки аз паҳподҳои сохти Эрон аст, вале дар мавриди маҳалли партоби он ҳамчунон шубҳа вуҷуд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *