11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар интизори ваҳшиҳо

Табиати “давлати” имрузаи Тоҷикистон дақиқан давлати пасоистеъморист ва хусусияти вижаи ин давлат ин аст, ки ҳамчун бозингари мустақил вуҷуд надорад.

Ин гуна давлатҳоро танҳо марзу ҳудудҳои як вақтҳо  муайянкардаи дигарон нигоҳ доштаанд. Ин давлатҳо қобилият, зарфият ва ихтиёр надоранд ва зиндагии мардумро ташкил кардан наметавонанд.

Агар ин бозингари асосӣ ин “солҳои — будани — худ” фаъол мебуд бо барқарор кардани зиндагии шикастаи мардум баъди пошхурии Шуравӣ (ақалан агар аз солҳои дуҳазорум кушише медоштанд) масъалаи Ворух ҳам бе хушунат ва ҷанг ҳал мешуд.

…Ин ҳукуматдорон дар ноҳияҳои маркази ва марзии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба сохтани биноҳои амният, пулис ва судҳо машғуланд то мардумро ‘хубтар’ идора карда бошанд ва то намояндагони ҳизбҳои мухолиф ва ҷавонмардони соҳибфикрро аз байн  бибаранд.

Ва ба роҳбарии ниҳодҳои қудратии ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо аслан намояндагони маҳали худ, музофоти худ, ва содиқ ба худро таъин мекунанд ва ин садоқатро бо пул мустаҳкам мекунанд. Ин ҷоннок кардани зинаҳои навкарӣ ё нукарист, ки замоне дар Аморати Бухоро амал мекард.

Дар ин зинаҳои нукарӣ амалдорон, баъди вазифаро харидан сармояи барои вазифа сарфкардааашонро ҷамъ мекунанд ва инчунин ҳиссаи болоро ҳам  мефиристанд. Ҳукумат  дар музофотҳо ва маҳалҳо чун дар пойтахт ба ҷои миллӣ шудан дорад маҳалли- музофотӣ мешавад.

Бале, фарҳанги маҳали — музофотиро ба ҷои фарҳанги миллӣ (ҷаҳонӣ) ниҳодина кардаанд,  ки дар ноҳияҳо ба хусус фарҳанги фасод, дузди ва дуруғро (шиорзаниро) мардум наметавонанд қабул кардан.

Ва дигар хусусияти муаянкунандаи номуваффақ будани ин ҳукумат (давлат) ҳамин фарҳанги маҳалиро ҷойгузини фарҳанги миллӣ кардани он аст ва он ҳам на фарҳанги тозаи музофотӣ, балки фарҳанги фасод ва дуздии аз ҳошия бархоста…

Бубинед, дар ноҳияҳо ва ба хусус дар ноҳияҳои марзӣ, сиёсати ‘рӯ ба раҳми худо’ амал мекунад ва оилаҳо парокандаанд, қисме дар муҳоҷират ва қисме дар ватан. Дар ватан будагонро ба воситаи авангард, имомхатибҳо ва идеологҳои дигари ҲХДТ мехоҳанд бо шиор ва бо афсонаҳо овора кардан ё воқеиятро пушонидан.

Касонеро ҳам ки овоз баланд кардани мешаванд зери фишор қарор медиҳанд ва ҳатто барои як лайк мондан мардумро таъқиб, зери фишор қарор дода ба муддати то шаш сол зиндони мекунанд. Яъне, бо бесалоҳиятии худ, чуноне ки Коетзи “Дар интизори ваҳшиҳо” тасвир кардааст, мардумро аз худ дур ба бегонаҳо ва ба душман табдил медиҳанд.

Аслан, ин сиёсат дар пойтахт дар ҳукумати марказӣ дар кор аст ва ин ҷо  ба сиёсати берун кардан (state of exeption), душмансозӣ, истеҳсоли бегона (strangers), мардикор, фоҳиша, муҳоҷир ва ғарибҳо машғуланд…

Дар ин раванд як мантиқ ҳукумрон аст ҳар киро ки дар бораи баробарӣ, адолати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳарф зад ба гуруҳи “душманони халқ” ва “хоинон” дохил менамоянд. 

Ин  гуна мардумро дар дохили мамлакат бо тамғаи “душманони халқ” берун аз ҳимояи қонун мекунанд ва инчунин кушиш мекунанд, онҳоро ҳамчун ‘терроист’, ‘ифротӣ’ ва ‘бунёдгаро’ душмани инсоният эълон карда аз ҳимояи қонунҳои дихилӣ ва байналхалқӣ берун карда бошанд. 

Ин қавм ҳам мардуми худ ва ҳам ҳамсояҳоро ба душман табдил додаанд … ва дар интизори “ваҳшиҳоянд”…  Коетзӣ дар китоби худ ин гуна сиёсатро тасвир карда ва ишора мекунад, ки ҳар гуна имперотурии бо ин гуна сиёсат оқибат аз дасти душманони сохтаи худ аз байн меравад…

Вале ин ҷо дар контексти Тоҷикистон дидан мумкин аст, ки  ин давлат ва давлатдорӣ, агар замоне ҳам вуҷуд дошт акнун барвақт аз байн рафтааст, зеро дигар ҷои интизори “аз ҳуҷуми ваҳшиҳо” нест, балки ин ваҳшиҳо (barbarians) барвақт дар ниқоби фарҳангсолор ба кандани қабри давлат, давлатдорӣ ва фарҳанги Тоҷикон машғуланд …

Меҳмоншо Шарифов

Манбаъ6 Фейсбук

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *