Роберт Мугабберо аксарияти мардум ё мешиносанд ё шунидаанд. Ӯ на барои ягон хубиаш балки маҳз ба хотири худкомагӣ ва диктаториаш машҳур буд.
Роберт Мугаббе 30 сол боз дар раъси қудрати кишвари Зимбабве қарор дорад. ӯ чандин бор қонуни кишвараршро иваз карду бо интихоботҳои тақаллубӣ муддати президентии худро тамдид кард. Бо ин ҳам иктифо накард. Дар рӯзҳои охир ӯ хост қудратро ба зани нисбатан ҷавонаш интиқол диҳад. Зеро наздик шудани Азроилро эҳсос мекард.
Аммо низомиёни ин кишвар, ки ҳамеша ба ӯ вафодор буданд, дар як лаҳза зимоми умурро дар даст гирифтанд ва ӯро барканор карданд. Онҳо эълон карданд, ки Президент ва хонаводааш дар амон ҳастанд. Онҳо бар зидди дуздоне, қиём кардаанд, ки атрофи Президентро иҳота кардаанд.
Ҳоло маълум нест, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва идораи умурро дар ихтиёри кӣ мегузоранд ва чигуна идома медиҳанд.
Ҳамагон мехоҳанд бидонанд, ки сарнавишти боз як диктатори Африқоӣ ба чӣ меанҷомад?
Оё ӯ ба сарнавишти Қазофӣ дучор мешавад ё мисли Бин Алӣ ба кадом кишвари дигар мегурезад?
Ё инки мисли Ҳусни Муборак аз қудрат канор гузошта мешаваду дар як зиндагии мураффаҳ дар иҳотаи муҳофизон бақияи умрашро сипарӣ хоҳад кард?
Мугабе 93 сола буда аз соли 1987 то ҳол қудратро дар даст дорад.
Ончӣ мусаллам аст, ин аст, ки мардум ва низомиёни ин кишвар дигар таҳаммули “сиёсатҳои хирадмандонаи” Ҷаноби Олиро надоштанд.