Рӯзе Абу Муслими Хавлонӣ, фақеҳ ва донишманди бузург ба назди амири мусалмонон Муъовия ибни Абусуфиён ворид шуда хитоб ба ӯ гуфт: “Дуруд бар шумо, эй Аҷир!”
Аз чунин тарзи муомила кардани Абу Муслим атрофиёни амир нороҳат шуда, барошуфтанад ва ба ӯ гуфтанд: Бигӯ! Дуруд бар шумо, эй Амир!
Абу Муслим дубора фармуд: “ Дуруд бар ту, эй Аҷир!”
Атрофиёни халифа боз ӯро сарзанишкунон гуфтанд: “Эй Амир бигӯ!!”
Вале Абу Муслим боз ҳамон сухани аввалашро такрор намуд. Ҳазрати Муъовия (р), ки ин манзараро мушоҳида мекард, хитоб ба ҳозирин гуфт: “Абу Муслимро ба ҳолаш гузоред! Ӯ чӣ гуфтанашро хуб медонад!”
Абу Муслим рӯ ба Муъовия(р) карда гуфт: “Қиссаи шумо эй Муъовия қиссаи мардеро мемонад, ки нафареро ба иҷора гирифта чаҳорпоёни худро дар ихтиёри ӯ мегузорад ва дар ивази хидматаш музди муайянеро дар назар мегирад. Дар муқобил аз ӯ мехоҳад дар нигоҳубини молҳояш кӯтоҳӣ накунад ва тарзе онҳоро нигоҳубин ва тарбият намояд, ки ҳосили пашму шир бештар шавад, чаҳорпоёни лоғару заъиф фарбеҳ гардидаанд ва чаҳорпоёне, ки хурд ҳастанд ба суръат рушд намуда, ба калонҳо ҳамроҳ шаванд. Агар коргар ё аҷир талаботи корфарморо ҳамонгуна, ки мехост бароварда созад, музди корашро дарёфт мекунад ва шояд аз ҷониби корфармо музди зиёдатие ҳам барояш дода шавад. Агар дар ин кор ба саҳлангорӣ роҳ диҳад ва натавонад аз ӯҳдаи вазифааш барояд ва чаҳорпоёни лоғар ҳалок шаванду, фарбеҳбудаҳояш лоғар ва ҳосили ширу пашм кам гардад ва ё қатъъ шавад, корфармо ҳатман хашмгин шуда, ӯро сарзаниш мекунад ва барояш музде ҳам намедиҳад.
Муъовия(р) баъди шунидани ин тамсил, фармуд: “Воқеан дуруст фармудед, эй Абу муслим!”
Тавзеҳ
Абу Муслими Хавлонӣ бо як бархӯрди зиракона мехоҳад ҷойгоҳи воқеъии як роҳбарро барои амир ва атрофиёнаш бозгӯ намояд ва аз ҷониби дигар алоқаи миёни як донишманд ва ҳокимро ба намоиш гузорад.
Абу Муслим дар ибтидо бо истифода аз ибораи “Дуруд бар шумо эй Аҷир!”, таваҷҷӯҳи ҳозирин ва амирро ба сӯи худ ҷалб намуда, вокуниши онҳоро бо ин тарзи бархӯрдаш месанҷад. Вақте атрофиёни амир, ӯро ба хотири чунин тарзи бархӯрдаш сарзаниш мекунанд, ӯ боз аз ҳамон ибора истифода мекунанд, то атрофиёни амирро низ ба гунае бифаҳмонад, ки ҳоким ва роҳбар ҷуз он чӣ ман мегӯям, нест. Ҳазрати Муъовия (р) низ ҳарфи Абумуслимро таъйид намуда, мегӯяд: “ Абумуслим дар гуфтааш содиқ аст ва медонад чӣ мегӯяд ва ин суханашро бе ҷиҳат ва мақсад намегӯяд. Пас ӯро ба ҳолаш гузоред!”
Дар охир бо овардани мисоле ин гуфтаи худро, тавзеҳ дода амирро насиҳат ва панд медиҳад.
Алоқаи як донишманди воқеъӣ бо ҳоким
Ин рафтори Абумуслим алоқаи як донишманди воқеъӣ ва ҳақгӯву ҳақиқатхоҳро бо ҳокимон, ба намоиш мегузорад. Олимон ва донишмандон бар асоси таълимоти исломӣ, бояд назорагар ва муроқиби аъмоли роҳбарон ва ҳокимон бошанд, ҳарҷо хато ва ё зулму ситамеро аз онҳо мушоҳида карданд, билофосила онро барояшон бозгӯ намоянд.
Ҳазрати Алӣ(р) беҳуда нафармудааст: “Роҳбарон бар мардум ҳукумат мекунанд ва олимон бар ҳокимон”.
Агар донишмандон ба мисли Абумуслим, масъулияти худро дар бархӯрд бо ҳокимон ва роҳбарон бишиносанд ва онро ба таври дуруст анҷом бидиҳанд, мардумро аз ҳақиқати ҳол бохабар созанд, ки ҳоким чӣ мақоме дорад ва бояд барои мардум чӣ корҳое анҷом бидиҳад ва мардум ҷойгоҳи худашро ва ҳокимашро бидонанд, ҳеҷ гоҳ ҳокимон ва роҳбарон ҷуръат нахоҳанд кард, ки лақабҳое ба мисли ҷаноб, пешво, беҳамтову амсоли онро барои худ баргузинанд ва мардумро ғулому бардаи худ тасаввур намоянд.
Аммо мутаассифона аксари донишмандони имрӯза (магар ононе,ки мавриди раҳмати Худо қарор гирифтаанд) ба ҷои пешгирӣ аз зулму ситами ҳокимон ва пуштибонӣ аз мардуми мазлум, корашон шуда таърифу тавсифи ҳокимони золим ва ситампеша. Паёмбари Худо фармудаанд: “ Ҳарки золимеро кӯмак намояд то бо аъмоли ботилаш ҳақиқатро аз байн бибарад, дар ҳақиқат чунин шахсе аз зимаи Худо ва Расули Худо берун шудааст.”
Баъзеи онҳо то ҷое пеш рафтаанд, ки барои ҳокимони золим ва ситампеша мақоми худоӣ додаанд ва ҳарфи ӯро ба манзалаи сухани Худо медонанд, ҳар навъ эътирозро дар муқобили ӯ гуноҳу фитна ва хиёнат дониста, нофармонӣ аз Худованд медонанд. Бар асоси хоҳишоти ҳокимон Исломро тафсиру ташреҳ мекунанд ва ҳеҷ тарсе ҳам аз Худо надоранд. Дар ҳоле, ки Худованд мефармояд: “Ва ба ситамгорон тамоюл ва такя накунед, ки оташ (азоб) шуморо фаро мегирад ва (дар ин сурат) барои шумо дар баробари Худованд, ҳеҷ дӯст ва сарпарасте нест. Пас (аз ҳеҷ ҷое) мавриди кӯмак қарор нахоҳед гирифт.” Сураи Ҳуд, ояти 113
Худованд ҳамагии моро аз ин зиллат нигоҳ бидорад ва барои олимон ва донишмандонамон тавфиқи гуфтани сухани ҳақро дар баробари ҳокимони золим насиб фармояд.
Исломҷони Саид