Беш аз 40 паноҳҷӯ дар обҳои ҷануби Италия ҷон бохтанд. Қурбониён тобеъи Эрон, Афғонистон ва Покистон буданд. Чандин кӯдак ва як навзоди чанд моҳа низ ҷонашонро аз даст доданд. Шароити бади ҳаво ёфтани гумшудагонро душвор кардааст.
Субҳи рӯзи якшанбе 26 феврал қаиқи ҳомили беш аз сад паноҳҷӯ дар наздикии шаҳри Кротона, дар ҷануби Италия, ба зери об фурӯ рафт ва дасти кам 40 тан аз сарнишинони он ҷони худро аз даст доданд. Бинобар ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ амалиёти ҷустуҷӯи барои ёфтани гумшудагон ҳамчунон идома дорад дар ҳоле ки амвоҷи шадид кори имдодгаронро бо душворӣ мувоҷиҳ кардааст.
Гуфта шуда ин қаиқ беш аз сад сарнишин аз кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Покистон доштааст, ки қасди вуруд ба Аврупоро доштанд. Чандин кӯдак аз ҷумла як навзоди чанд моҳа дар байни кушташудагон будаанд. Ба гуфтаи яке аз мақомоти оташнишонӣ интизор меравад омори қурбониён дар соатҳои оянда афзоиш ёбад. Имдодгарон ва маъмурони оташнишонӣ бо истифода аз ҳавопаймо дар ҷустуҷӯи наҷотёфтагон ҳастанд аммо шароити бад сахтии корро ду чандон кардааст.
Маттео Пянтедози, вазири кишвари Италия, бо интишори баёнияе ин ҳодисаро як “трожедии азим” хонд, ки «зарурати комили бархӯрди қотеъона бо роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро нишон медиҳад.” Ӯ гуфт: “қатъи масирҳои дарёӣ, ки ба паноҳҷуён умеди зиндагии беҳтар дар Аврупоро медиҳад, қочоқичиёнро сарватмандтар мекунад ва тражедиҳои ҳамонанди фоҷиаи имрӯзро рақам мезанад зарурӣ аст.”
Италия ба далели мавқеияти ҷуғрофиёӣ яке аз ҳадафҳои ҳамешагии паноҳҷӯён барои вуруд ба Аврупо аз тариқи қораи Африқо ба шумор меравад. Дар соли 2022 ҳудуди 105 ҳазор паноҳҷӯ вориди Италия шуданд. Дар ду моҳаи нахусти имсол низ то кунун вуруди чандин ҳазор паноҳҷӯ ба ин кишвар сабт шудааст.
Убури пурхатар аз Баҳри Медитарона (Миёназамин) бо қайиқҳое, ки беш аз зарфият пур шудаанд ва камтарин имконотро доранд, дар солҳои гузашта ба қимати ҷони чандин ҳазор паноҳҷӯ тамом шудааст. Бо ин ҳол гурӯҳҳои имдодии вобаста ба ниҳодҳои ғайридавлатӣ, ки дар обҳои соҳилӣ гаштзанӣ мекунанд, тавонистаанд то кунун шумори зиёде аз паноҳҷуёнро наҷот дода ва аз об берун бикашанд.
Бо ин ҳол давлати ростгаройи Италия дар моҳи декабри соли гузашта фармонеро тасвиб кард, ки ба мӯҷиби он фаъолияти ин гурӯҳҳои имдоди ғайридавлатӣ ба шиддат маҳдуд шудааст. Тибқи ин фармон имдодгарони ғайринизомӣ муваззаф шудаанд пас аз анҷоми амалиёт ва савор кардани паноҳҷуён, онҳоро ба самти як бандари таъйиншуда бубаранд, бидуни он ки иҷоза дошта бошанд дар масир паноҳҷуёни бештареро наҷот диҳанд. Дар сурати риоя накардани аз ин дастур, капитани киштӣ байни даҳ то панҷоҳ ҳазор евро ҷарима мешавад. Дар сурати такрори тахаллуф, киштӣ мусодира хоҳад шуд.
Фолкор Тюрк, комиссари ҳуқуқи башари Созмони милал, пештар дар номае аз ин иқдоми давлати Италия ба шиддат интиқод карда ва ин қонунро “роҳи нодуруст барои муқобила бо ин буҳрони инсонӣ” хонда буд. Ў ҳушдор дода буд ин равиш метавонад ҷонҳои бештареро дар Баҳри Медитарона қурбонӣ кунад.