Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, дар нишасти хабарии вазорат, ки имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, аз шарҳи хабарҳои марбут ба қабул шудани қонун дар “Дар бораи афв” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар ин бора ба Вазорати адлия чизе маълум нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳади ақал 4 манбаъи мӯътамади Паём аз ришваситониҳо барои шомил кардани маҳбусин ба афв хабар дода буданд.
Вазири адлия дар нишасти матбуотӣ қабул шудани ин гуна қонунро рад ё таъйид накард.
Ӯ гуфт, ки “мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”.
Ин изҳори назари вазири адлия дар ҳолест, ки мардум ва расонаҳо аз афви фарогир ва ҳатто ба қавле “тиллоӣ” дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳарф мезаданд. Манобеъи Паём низ аз зери назорати Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур рафтани маъракаи афв ва ба ӯ таъаллуқ гирифтани ришваҳо хабар дода буданд.
Моҳи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Комиссиюн оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди раисҷумҳур тағйирот ворид кард. Бар асоси ин фармон, Фирдавс Ҳаётзода, ноиби аввали Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур ва раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати Комиссиюн оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди раисҷумҳур шомил гардид.
Фирдавс Ҳаётзода, ки қаблан дар вазифаи ноиби сардори Хадамоти иҷро кор мекард моҳи декабри соли гузашта ба мақоми ноиби аввали Озода Раҳмон расид. Ду ҳафта қабл манобеъи Паём хабар дода буданд, ки ноиби Озода Раҳмон аз наздикони маҳбусон барои шомил кардани номи онҳо ба рӯйхати афви бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ришва ҷамъ мекунад.
“Азия-Плюс” низ рӯзи 10 июни соли ҷорӣ бо истинод ба манбаъаш аз Вазорати адлия, аз омодагиҳо барои қабули ин қонун хабар дода буд.
Ин манбаъ гуфта буд, ки дар бораи ҷузъиёти ин қонун ҳарф задан хеле барвақт аст, вале гуфта буд, ки “афв хоҳад шуд, ин дақиқ аст”.
Дар Тоҷикистон умдатан, ба ифтихори солгарди ҷашнҳои бузурги давлатӣ афв эълон карда мешавад. Охирин қонуни афве, ки дар Тоҷикистон қабул шуд, ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар дар соли 2019 буд, ки бештар аз 20 ҳазор маҳбусу гумонбару судшавандаву маҳкумшавандаҳоро фаро гирифт.
Он замон ҳам даҳҳо нафар аз пардозти ришва барои шомил шудани пайвандони маҳбусашон ба рӯйхати афв хабар дода буданд.