Сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бобоҷони Қаюмзод бо нашри изҳороте даъвои Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистонро мабнӣ бар ҳузури “ҷангҷӯёни Наҳзати исломии Тоҷикистон” дар ин кишварро шадидан маҳкум ва рад кард.
Дар изҳорот омадааст, ки ҲНИТ «ҳеч гуна ҷиноҳ ё неруи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод.»
Сузангӯи ҲНИТ изҳори умедворӣ карда, ки «ҳукумати Афғонистон, ҳамчун кишвари зомини сулҳи Тоҷикистон мавқеъи созандаи худашро ҳифз кунад ва василаи таблиғоти тарафи сулҳшикан қарор нагирад».
Гуфтанист, Аҳмадзиё Сироҷ рӯзи панҷшанбе, 18 феврал дар ҳоле, ки оид ба натиҷаҳои «Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм» сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), «Ансоруллоҳ»-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд.
Баёнияи сухангӯи ҲНИТ оиди суханони ахири Аҳмадзиё Сироҷ ба шакли зер аст:
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханони Аҳмадзиё Сироҷ, раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон, дар мавриди инки гӯё “ҷангҷӯёни Наҳзати исломии Тоҷикистон” дар Афғонистон ҳузур доранд, шадидан маҳкум карда, ин изҳоротро ғайримасъулона ва дур аз воқеъият медонад.
ҲНИТ борҳо эълон карда ва ҳоло низ эълон мекунад, ки ҳеч гуна ҷиноҳ ё неруи низомие дар ҳеч кишваре, аз ҷумла дар кишвари ҳамсоя ва дуст Афғонистон надорад ва муборизаи худро бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод.
Ҳукумати худкомаи Тоҷикистон баъд аз инки ҲНИТ-ро дар соли 2015 бо иттиҳомот сохта ва бо ангезаҳои сиёсӣ мамнуъ ва созмони террористӣ эълон кард, сахт талош намуд, ки кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ низ Ҳизби наҳзатро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кунанд, аммо муваффақ нашуд. Аммо ин бор пас аз сафарҳои пай дар паи мақомоти амниятии Тоҷикистон ба Кобул ин иттиҳом аз забони як мақоми баландпояи кишвари Афғонистон садо дод, ки нигаронкунанда аст.
Умедворем, ҳукумати Афғонистон, ҳамчун кишвари зомини сулҳи Тоҷикистон мавқеъи созандаи худашро ҳифз кунад ва василаи таблиғоти тарафи сулҳшикан қарор нагирад. Наҳзати Исломии Тоҷикистон омода аст дар бораи ҳар масъалае бо мақомоти кишвари Афғонистон гуфтугӯ ва ҳамкорӣ намояд.
Бори дигар таъкид мекунем, ки ҲНИТ ҳеч гуна неруи низомие на дар Афғонистон ва на дар ягон кишвари ҷаҳон надорад ва муборизаи худро барои барқарории ҳукумати демократӣ, озод ва қонунмеҳвар дар кишвар бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳад дод.
Сухангуи ҲНИТ
Бобоҷон Қаюмзод