Рубрики Хабарҳо

Шикояти 90 маҳбуси афвшуда ба созмонҳо

Маҳбусоне, ки баъди авф шудан ба озодӣ баромаданд, бо мушкиллии наёфтани ҷои кор ба сабаби доштани доғи судӣ ба созмонҳо шикоят кардаанд. Дар тақрибан як моҳи ахир 90 маҳбуси афвшуда аз як созмони мустақили ҳомии ҳуқуқи инсон дар Душанбе кумак хостаанд. Онҳо гуфтаанд, ки ҳатто гирифтани шиноснома барояшон муяссар намешавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, барои баргашти онҳо ба ҳаёти маъмулӣ кумак мекунанд. 

Тибқи қонун дар Тоҷикистон ба истиснои чанд ҳолат, корфармо ҳақ надорад, аз довталаби кор дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ санад пурсад.

Пештар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв 60 нафари онҳо дубора даст ба ҷиноят зада дастгир шудаанд. Онҳо асосан ба дуздӣ муттаҳам мешаванд ва як нафар ба таҷовуз ба номус гумонбар аст.

Коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ба он таъкид мекунанд, ки таваҷҷуҳи мақомот ба мушкилу зиндагии маҳбусони собиқ бояд ҷиддӣ бошад. Онҳо пешниҳод доранд, барномаи миллие қабул шавад, то маҳбусонро ҳанӯз ҳангоми дар зиндон будан барои зиндагӣ дар озодӣ омода созанд.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори зиндонҳо ҳафтае пеш дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ҳоло 90 дарсади маҳкумшудагон қобили меҳнат ҳастанд.

Се сол пеш, Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро вазифадор карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *