Рубрики Хабарҳо

Соли 2022 теъдоди миллионерҳо дар саросари ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Ба ҷуз дар Фаронса ва Эрон

Бар асоси гузориши ҷаҳонии сарват, ки тавассути Бонки ЮБС-и Суис мунташир шуда, теъдоди сарватмандон дар саросари ҷаҳон ба ғайр аз ду кишвар коҳиш ёфтааст. Фаронса бо беш аз 2 миллиону ҳаштсад ҳазор миллионер, дар соли 2022 дар рутбаи севуми ҷаҳон қарор дошта ва Эрон низ шоҳиди афзоиши қобили таваҷҷуҳи теъдоди миллионерҳояш будааст. 

Коҳиши теъдоди сарватмандони ҷаҳон барои аввалин бор баъд аз буҳрони молии соли 2008 иттифоқ меафтад. Бар асоси ин гузориш, ки рӯзи сешанбе тавассути рӯзномаи иқтисодии Les echos мунташир шуд, дар соли 2022 ҳудуди 3.5 миллион нафар вазъияти худро ба унвони “миллионерҳои долларӣ” аз даст доданд. 

Дар маҷмӯъ низ дар соли гузашта теъдоди афроди дороии амлоку захираҳо ва дороиҳои молӣ ба арзиши ҳадди ақал як миллион доллар, ба 59.4 миллион нафар расидааст. Теъдоде, ки дар муқоиса бо рақами 62.9 миллион нафарӣ дар соли 2021, коҳиши қобили таваҷҷуҳеро нишон медиҳад. 

Ин гузориш далели ин коҳишро шароити бади иқтисодӣ ва таваррум ва афзоиши нархи баҳра эълом мекунад. Коҳиши нарх баробари бархе арзҳо дар баробари доллар низ аз дигар далоили он баён шудааст. 

Теъдоди миллионерҳо дар кишварҳо 

Ба сурати ҷузъӣ, Иёлоти муттаҳида дар соли 2022 як миллиону  ҳаштсад ҳазор нафар аз миллионерҳои худро аз даст додааст. 

Дар Ҷопон низ 466 ҳазор нафар, Бритониё 439 ҳазор нафар, Австралия 363 ҳазор нафар ва Олмон 253 ҳазор нафар аз шумори миллионерҳои ин кишварҳо ба нисбати соли қаблтар аз он коҳиш ёфтааст. 

Бо ин ҳол ва бар хилофи раванди ҷаҳонӣ, теъдоди миллионерҳои Фаронса на танҳо коҳиш наёфта, ки бо афзоиши ҷузии 25 нафарӣ мувоҷеҳ шуда ва теъдоди онҳо ба 2.8 миллион нафар расидааст. 

Нуктаи қобили таваҷҷуҳи он ки кишварҳои Норвегия (104 ҳазор), Эрон (104 ҳазор) ё Бразилия (120 ҳазор) низ шоҳиди рушди беш аз пеш теъдоди миллионерҳои худ будаанд. 

Фаронса дар соли 2022 бо дар ихтиёр доштани 4.8 дарсад аз миллионерҳои ҷаҳон дар хоки худ, дар ҷойгоҳи севум пас аз Амрико (38.2 дарсад) ва Чин (10.5 дарсад) ва пештар аз Ҷопон (4.6 дарсад), Олмон (4.4 дарсад) ва Бритониё (4.3 дарсад) қарор гирифтааст. 

Коҳиши сарвати хонадонҳо 

Дар канор коҳиши теъдоди миллионерҳо, дороии холиси хонадонҳо низ бо 11.3 миллиард доллар коҳиш дар соли 2022 ба 454 миллиард доллар ва миёнгини сарвати ҳар бузургсол низ бо коҳиши 3200 долларӣ ба 84718 доллар расидааст. 

Бинобар ин гузориши Бонки ЮБС, коҳиши сарвати хонадонҳо пас аз як қарн афзоиши пайдарпай рӯй додааст. 

Бо ин ҳол, Бонки Суис тахмин мезанад, ки сарвати ҷаҳонӣ дар солҳои оянда 38 дарсад афзоиш ёбад ва то соли 2027 ба 629 ҳазор миллиард доллар бирасад. 

Бар асоси ин гузориш, сарвати ҳар фарди болиғ дар он таърих ба 110 ҳазор доллар ва теъдоди миллионерҳо низ ба рақами 86 миллион нафар хоҳад расид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *