Рубрики Хабарҳо

Пирӯзии курсанти тоҷик дар мусобиқаи бокси Русия

Сомон Ҳабибов, узви мунтахаби Тоҷикистон ва КМВА (ЦСКА) оид ба бокс, хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, 21 феврал дар мусобиқаи минтақавӣ оид ба муштзанӣ барои дарёфти ҷоизаи Вазорати мудофиаи Русия ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Сомон курсанти соли дуюми Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ҳавоӣ-десантии фармондеҳии гвардияи Рязан ба номи генерали артиш Маргелов мебошад.

Мусобиқа байни хизматчиёни ҳарбӣ ва курсантҳои макотиби олии низомии Вазорати мудофиаи Русия ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи ин кишвар баргузор шуд.

Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург — курсанти Донишккадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Русия дастболо шуд.

Дар рақобати финалии вазни 60 кг Сомон Ҳабибов ба муштзан Никита Ребров аз шаҳри Санкт-Петербург — курсанти Донишккадаи ҳарбии тарбияи ҷисмонии Вазорати мудофиаи Русия дастболо шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *