Categories Хабарҳо

Овозаву боварҳои аҷиб

Босуръаттарин ҳарфи паҳншаванда ин овозаҳои пурвоҳимаи мардумӣ мебошад, ки хусусан аввалҳои баҳор, тирамоҳ ва дар чиллаи тобистону зимистон бештар мегардад. Баъзан ин гуна овозаҳо чунон пуртаъсир мегарданд, ки ҳатто нафари аввалини онро бофта бароварда ҳам худаш ба дурӯғи сохтаи худаш бовар мекунад. Агар дар хотир дошта бошед, соли 2012 овозае паҳн шуда буд, ки гӯё санаи 12-уми декабр қиёмат қоим мешуда бошад, ҳамаро об зер мекарда бошад  ва он рӯз охири дунё бошад. Одамони солимақл ҳам ба ин овоза бовар карда, ҳатто хелеҳо ба киштии бузурге бо нархҳои ҳангуфт чипта хариданд. Аммо ҳоло ки соли 2020 аст, маълум, ки овозвро бо як хандаи нобоварона паси сар кардаем. 

Ҳоло бо бозгӯи ҳамон ҳодиса, як қатор далоили ҷолибро дар ҳамин мавзӯъ: Соли 2006  сокинони Мумбай изҳор доштанд, ки оби Маҳим Крик, яке аз ифлостарин дарёи  Ҳиндустон, ки ҳар рӯз ба он ҳазорҳо тонна канализатсия ва партовҳои саноатӣ равон  карда мешаванд, ногаҳон «ширин» шудаст.  Сокинони Гуҷарат аз куҷое шуниданд, ё ягон рӯҳоние далолат дод, ки ҳама яковоза  ба даъвое  оғоз карданд, ки оби баҳр дар Титҳал  тоза ва ширин шудааст.  Мақомоти маҳаллӣ аз тарси сар задани бемориҳои  ҷиддии сироятӣ, ё худ  бемориҳои ба монанди гастроэнтерит,  нӯшидани оби беҳад ифлосу бадбӯйро манъ карданд, аммо ин ҳиндуҳоро боз  дошта натавонист. Рӯзи дигар боз ҳама бовар карданд, ки об  шӯр шудааст. Ё шояд ин об дар ҳақиқат бо мӯъҷизае давоми як рӯз тоза шуда буд. 

Боз як ҳолати аҷиб, ки  аксари ҳиндуҳо онро мӯъҷизаи воқеӣ меҳисобанд, 21-уми  сентябри соли 1995 рух дод. Пеш аз дамидани субҳ, ҳиндуе  дар маъбаде дар ҷануби Деҳлии нав ба як бути сангин, ки онро Худои Ганеши меномиданд як қошуқ шир тақдим кард. Ногаҳон шир аз қошуқ ғайб зад, гӯё бут онро нӯшида бошад.  Шояд ин чашмбандӣ, ё сеҳру ҷоду буд, ё шояд он қошуқ дар асл шире ҳам надошт, аммо  ин хабар зуд паҳн шуд ва то нимаи субҳ муқаррар карда шуд, ки муҷассамаҳои тамоми пантеони ҳиндуҳо дар маъбадҳо дар саросари шимоли Ҳиндустон ба миқдори бениҳоят шир менӯшиданд. Дар аввали моҳи октябр бошад, ин ҳамарро овоза гуфта қарор карданд ва паҳн кардани ҳолати ширхӯрии  бут  қатъ шуд.

Соли 1962 дар шӯъбаи дӯзандагии як корхонаи нассоҷии Амрико бемории мармузе падид омад. Аломатҳои вай карахтӣ, дилбеҳузурӣ, чарх задани сар ва қайкуниро дар бар мегирифтанд. Овозаҳо зуд паҳн шуданд, ки ин беморӣ аз ҷониби «гамбускҳои май» -и мармуз, ки коргарони заводро мегазиданд, мегузарад. Дере нагузашта, 62 корманд ба бемории мармуз гирифтор шуданд, ки баъзеи онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Васоити ахбори омма дар бораи ин қазия ба навиштани фаъолона шурӯъ карданд. Пас аз омӯзиши табибони ширкатҳо ва мутахассисони соҳаи тандурустии ҷамъиятии Маркази бемориҳои сироятии ИМА, ба хулосае омаданд, ки ҳодиса тамоман дигаргун буда,  ҳеҷ гуна далели нешзании гамбуск ёфт нашудааст. Яъне гамбускон дар ин маврид бегуноҳанд. 

Ҳодимааи дигар ин ки Глория Рамирес аз шаҳри Риверсайд, Калифорния пас аз он ки бадан ва хуни ӯ ба чанд корманди беморхона таъсири манфӣ гузошт, расонаҳо ӯро «Бонуи заҳролуд» номиданд. Вай дар соли 1994 бо сабаби  саратони гарданаки бачадон бистарӣ шуд. Кормандони тиб, ки дар ташхис ҳузур доштанд, худро бад ҳис карданд ва дар ниҳоят беҳуш шуданд. Дар бадани Глория бӯйи сирпиёз ва меваҳоро падид омад ва дар хуни ӯ донаҳои моддаи аҷибе мавҷуд буданд, ки шабеҳи коғаз буданд. Аҷибтарин ҳолати  ин ҳодиса дар он аст, ки ҳар касе, ки аз Глория зарар дидааст, баъдан  ташхиси хунашон нишон дод, ки ягон хел сироят набуд. 

Дар моҳи майи соли 2001, дар пойтахти Ҳиндустон, Деҳлӣ, ҳолатҳои  сершумори вохӯрӣ бо махлуқи аҷиби шабеҳи маймун пайдо шуданд, ки шабона пайдо шуда, ба одамон ҳамла мекардаанд. Шаҳодати аксари шоҳидони воқеа монанд набуданд, аммо он чи ки монанд аст, ин  як махлуқе буд, ки қадаш 120 см  буд, бо мӯйҳои ғафси сиёҳ пӯшонида шуда, кулоҳи металлӣ, чанголҳои металлӣ, чашмони сурхи тобон ва се тугма дар сари синааш буд. Гуфта мешавад, ки беш аз 15 нафар аз захмҳои гаазидаи махлуқ ва  харошидаҳояш  азият кашидаанд.

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *