Рубрики Хабарҳо

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ғанисозии ураниюм мумкин аст ба 60 дарсад ҳам бирасад

Раҳбари Эрон эълом кард, ки ҳадди ғанисозии ин кишвар 20 дарсад нест ва мутаносиб бо ниёзи мумкин аст ба 60 дарсад ҳам бирасад. 

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон имрӯз тайи изҳороте дар ҷамъи мақомоти ин кишвар гуфт: Мо барои касби тавоноиҳои ҳастаӣ мутаносиб бо ниёзҳои кишвар мусаммам ҳастем ва ба ҳамин иллат, ҳадди ғанисозии Эрон 20 дарсад нахоҳад буд ва то ҳарҷо, ки лозим ва ниёзи кишвар бошад иқдом хоҳад кард масалан барои пешрони ҳастаӣ ё корҳои дигар мумкин аст ғанисозиро ба 60 дарсад ҳам бирасонем. 

Ба гузориши “Пойгоҳи иттилоъи расонаии раҳбари Эрон”, вай идома дод: Албатта як қарордоди чандсолае гузошта шуда, ки агар онҳо амал кунанд мо ҳам то ҳамон чанд сол амал хоҳем кард аммо ғарбиҳо ба хубӣ медонанд, ки мо ба думболи силоҳи ҳастаӣ нестем. 

Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор дошт: мавзӯъи силоҳи ҳастаӣ баҳона аст, онҳо ҳатто бо дастёбии мо ба силоҳҳои мутаориф ҳам мухолифанд чун мехоҳанд муаллифаҳои қудратро аз Эрон бигиранд. 

Вай афзуд: Ниёзи кишвар ба ғанисозӣ як амри мусаллам аст. Ғанисозиро намешавад он рӯз шурӯъ кард балки бояд аз имрӯз барои ниёз он замон омода шуд. 

Раҳбари Эрон тасреҳ кард: Ғарбиҳо мехоҳанд дар рӯзе, ки Эрон ба энергии ҳастаӣ ниёз пайдо мекунад, мӯҳтоҷи онҳо бошад ва онҳо ин ниёзи моро василае барои таҳмил, зӯргӯӣ ва боҷхоҳиҳои худ қарор диҳанд. Ҷумҳурии исломӣ дар қазияи ҳастаӣ низ ҳамонанди соири қазоё ақибнишинӣ нахоҳад кард ва дар масири он чи, ки маслиҳат ва ниёзи имрӯз ва фардои кишвар аст, бо қудрат пеш хоҳад рафт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *