Рубрики Хабарҳо

Захираи воксин дар Суғд ба итмом расидааст

Дар вилояти Суғд захираи воксин бар зидди COVID-19 ба итмом расидаааст.  “Азия-Плюс” бо истинод ба сокинон навиштааст аз дирӯз ба ин сӯ барои гирифтани воксин мераванд, аммо масъулони дармонгоҳҳо мегӯянд, ки воксин дар вилоят тамом шудааст ва мунтазиранд, ки вояҳои нав ворид шавад.

Тамом шудани захираи воксинҳоро дар вилоят Маркази иммунопрофилактика низ таъйид мекунад. Ин ниҳод дар ҳоле аз набуди ваксин дар амборҳо мегӯяд, ки ба асари хуруҷи дигарбораи коронавирус шумори зиёди мардум дар шаҳри Хуҷанд барои эмгузаронӣ назди марказҳои саломатӣ навбатпойӣ мекунанд.

Дар вилояти Суғд танҳо воксини “Астразенека”  ба шаҳрвандон тазриқ мешуд.

Директори Филиали Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд, Ҷаннатой Набиева субҳи 30-уми июн гуфтааст, ки дар амборҳои ин муассиса воксинаи “Астразенека” барои эмгузаронӣ боқӣ намондааст. Ӯ гуфта, рӯзе пеш танҳо 600 воя воксина боқӣ монда буд, ки ба эҳтимоли зиёд субҳи имрӯз тамом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввал зиёда аз 32 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ворид шуда буд ва кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони аз 60- сола боло тазриқ шуданд.

“Намедонам дар марҳилаи баъдӣ кадом намуди воксина ба мо интиқол медиҳанд. “Астразенека” ё «КоронаВак» дар ин бора ба мо Вазорати тандурустӣ чизе нагуфтаанд. Дастрас кунанд мо омодаем тақсим кунем”,-гуфтааст ӯ.

Маркази иммунопрофилактика дар ҳоле аз тамом шудани захираи воксин нигаронӣ мекунад, ки Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзе пеш маълумоти дигар дода буд.

Фаррух Мақсудзода сардори ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, дар марҳилаи аввал ҳудуди 40 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ба Суғд ворид шуда буд ва 32 ҳазор нафар эм карда шуданд. Ӯ гуфт аз ин воксин кормандони соҳаи тандурустӣ, сокинони шаҳри Хуҷанд, ки бо беморон сару кор доштанд ё бемории ҳамрадиф доранду ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, истифода бурдаанд.

Ба иттилои Фаррух Мақсудзода эҳтимол рӯзҳои наздик ба вилояти Суғд беш аз 100 ҳазор воя ваксинаи зидди коронавирус ворид шавад. Аммо ӯ гуфта, дақиқ намедонад, ки ин миқдор воксин кай ва кадом рӯз ворид мешавад.

“Дар сурати омадани ваксина, ки ҳоло кадом намудро медиҳанд, ба мо маълум нест,  кормандони соҳаи маориф, ҳукумат, шаҳрвандони аз 40- сола боло ва гурӯҳҳои осебпазир эм карда мешаванд. Баъдан Ситоди ҷумҳуриявӣ боз кадом қишри ҷомеаро тавсия диҳад эм мекунем”,- гуфтааст Мақсудзода

То имрӯз ба Тоҷикистон ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои «Астразенека» ва «КоронаВак» ворид шудааст, ки тибқи иттилои ахири вазорати тандурустӣ наздик ба 300 ҳазор шаҳрвандӣ воксин гирифтаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *