Алӣ Юнусӣ, вазири пешини иттилоот дар мусоҳибае муфассал бо сайти Ҷамарон ҳушдор додааст масъулони кишвараш бояд нигарони нуфузи Исроил бошанд. Ў гуфт, рақобати ниҳодҳои иттилоотии Эрон имкони нуфузи Созмони Исроили мусодро фароҳам кардааст.
Нуфузи Исроил дар ниҳодҳои иттилоотии кишвар бори дигар ба яке аз масоили рӯзи кишвар табдил шуд. Сайти Ҷамарон дар ин робита бо Алӣ Юнусӣ, вазири пешини иттилооти Эрон сӯҳбат кардааст.
Пеш аз ин Маҳмуд Аҳмадинажод раиси давлатҳои нӯҳум ва даҳум зимни ишора ба “шабакаи нуфузи Исроил” гуфта буд болотарин фарде, ки масъули контроли ҷосусони Исроил дар Эрон буд, худаш ҷосуси Исроил аз кор даромад. Вазорати иттилоот билофосила ба изҳороти Аҳмадинажод вокуниш нишон дод.
Дастёри вежаи вазири иттилоот, ки номе аз ӯ бурда нашуда рӯзи якшанбе,13 июн дар мусоҳиба бо ИСНО ба Аҳмадинажод тавсия кард “раванди равондармонӣ ва таваҳҳумзудоии худро пайгирӣ кунад”.
Кашокаш миёни мақомоти олирутбаи кишвар дар бораи нуфузи Исроил ва амалкарди ниҳодҳои иттилоотӣ идома доштааст.
Алӣ Юнусӣ, вазири пешини иттилоот ва мушовири вежаи Рӯҳонӣ дар умури ақвом ва ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ дар бораи нуфузи Исроил дар созмонҳои иттилоотии кишвар мегӯяд дар 10 соли ахир нуфузи Моссад дар бахшҳои мухталифи кишвар ба ҳадде буда, ки ҷо дорад “ҳамаи масъулини Ҷумҳурии Исломӣ барои ҷони худашон нигарон бошанд”.
Вазир иттилооти пешини Эрон афзуд созмонҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ба ҷойи ин ки онҳоро шиносоӣ кунанд ба ҷони худиҳо афтодаанд.
Ба гуфтаи Юнусӣ ғафлат аз Моссад сабаб шуда, ки ин Созмон дар сатҳи кишвар нуфуз кунад ва зарба бизанад.
Вазири иттилооти пешини Эрон таъкид кард, ки дар замони раёсати ӯ бар вазорати иттилоот “чунин нуфузҳое вуҷуд надошт” вале баъдан ба далели рақобати сервисҳои иттилоотӣ ва созмонҳои ҷадиде, ки дар муқобили вазорати иттилоот эҷод шуд, вазорати иттилоотро тазъиф кард.
Юнусӣ меафзояд созмонҳои ҷадид ва мувозии вазорати иттилоот ба ҷойи ин ки бо нуфуз мубориза кунанд машғули контрол ва мубориза бо худиҳо шуданд.