Изатулло Қувватбеков, бародари Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ, ки ду ҳафта пеш бо бародараш боздошт шуда буд, озод шудааст.
Изатулло Қувватбеков ва бародараш Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, пас аз раҳоии яке аз бародарон, мақомот муҳлати ҳабси Абдуллои Язғуломиро барои ду моҳи дигар дароз карданд ва ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии рақами аввал (СИЗО) интиқол додаанд. Бино ба иттилои як манбаи наздик ба тафтишот, дар нисбат ба Абдулллобек Қувватбеков бо иттиҳоми “Даъвати ифротгароӣ тариқи Интернет” парванда боз шудааст.
Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ муҷозот бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Боздошти Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наворҳои зиёди ӯ бо мавъизаҳои динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд. Дар бархе аз наворҳо ӯ бо лаҳни сахт суҳбат мекунад. Маълум нест, ки кадоме аз навори суҳбати ӯ боиси боздошташ гаштааст. Мақомот низ ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ надодаанд.