Пас аз ҷанги дурӯза ва сардии думоҳаи муносибот, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад ва зоҳиран муносибатҳо ҳам рӯ ба беҳбуд ниҳоданд. Аммо суолҳое баъди сафари Ҷабборов пайдо шудаанд, ки бояд рӯшанӣ андохта шаванд. Аз ҷумла мулоқоти 7-соата ва имзои 4 санади тақрибан нолозим.
Бисёриҳо хавф доштанд, ки ба пешвози Ҷабборов низ занону ҷавондухтаронро мебароранду бо рақсу бозӣ ва тамаллуқу ситоиш пешвозаш мегиранд. Ҳарчанд ин фарзия ҷиддӣ набуд, вале мақомоти Тоҷикистон як хусусият доранд, ки ҳамеша коршиносону огоҳонро дар таниш нигоҳ медорад: ҳама чизро аз мақомот мешавад интизор шуд. Яъне имкон дошт мақомот ин аблаҳиро ҳам хамонгуна, ки бо Жириновский ва Тесак карда буданд, ба намоиш гузоранд. Хушбахтона аз ин марҳала бе шармандагӣ убур кардем.
Аммо марҳалаи дигар — намоиши “дастовард”-ҳои Тоҷикистон такрор шуд. “Дастовард” гуфта мақомоти Тоҷикистон меваву сабзавот ва табиати зеборо мефаҳманд, гӯё дасти момокалонашон овардааст. Ва ҳар ҳайати хориҷие, ки ба кишвар ворид шуд, аввал ба тамошои ангурҳои деҳқони регарӣ ё намоишгоҳи бодирингу помидор ва чакану атлас бурда мешавад. Ва ё ба кӯҳҳои Варзоб бурда аввал кӯҳҳо, сипас қасру кӯшкҳояшонро нишон медиҳанду мелофанд.
Ба раисҷумҳури Қирғизистон ҳам “табиати нотакрор”-и Тоҷикистон аз ҷониби худи табиатшиноси рақами аввал Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуд. Дафтари матбуотии раисҷумҳур бо сарлавҳаи воҳиманоки “Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон” дар ин бора хабар дода менависад: “28 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон Садир Жапаров бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд”.
Мақсади ин “ташриф”-ро ба хотир гиред, мо ба он поёнтар бармегардем.
Дар идомаи хабар дафтари матбуотии раисҷумҳур менависад: “Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд”.
Ва шарҳ медиҳад: ”Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ — муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад”.
Албатта агар ба ҷои Ҷабборов ягон амир ё шайхи араб ё кишварҳои сард мешуданд, ин иқдоми тими протоколиро фаҳмидан мумкин буд. Аммо барои Ҷабборов табиати Тоҷикистон на нотакрор аст ва на биҳиштосо. Зеро Қирғизистон ҳам айнан ҳамин табиатро дорад ва бархе мавзеъҳояш аз Варзоб бамаротиб зеботаранд. Намоиши табиат ба Ҷабборов ва “нотакрор” номидани он мисли намоиши атласу чакан ба Мирзиёев аст. Атласу чакане, ки чанд рӯз қабл тоҷирони тоҷик аз Узбекистон ворид кардаанд.
Баргардем ба масъалаи асосӣ. Ду раисҷумҳур, ки қарор буд 40 дақиқа бо ҳам мулоқот дошта бошанд, 7 соати тамом тет-а-тет нишастанд. Бархе расонаҳо ду-се бор фурсат ёфтанд хабар диҳанд, ки мулоқоти сарони давлатҳо то ҳанӯз идома дорад. Бисёриҳо мунтазири хабарҳо аз тасмимоти бисёр ҷиддии ҷонибҳо буданд. Вале натиҷае, ки расман аз он хабар дода шуд, ба қавле тарбузи мунтазиронро аз бағалашон афтонд.
Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ду созишнома ва ду ёддошт имзо кардаанд: Созишнома дар бораи “ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ”, “созишномаи ҳамкори миёни хабаргузории давлатии “Ховар”-и Тоҷикистон бо “Кабар”-и Қирғизистон, “ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ” ва “ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон”. (Дар ҷаҳон ниҳоде ҳам пайдо мешудааст, ки бо “Ховар” ҳамкорӣ кунад.)
Ин гуна созишномаву ёддоштҳо асосан замоне имзо мешаванд, ки ҷонибҳо ҳеҷ чизе барои имзо кардан надоранд. Ё дар сафарҳои ташрифотиву транзитӣ.
Барои Тоҷикистон имзои ин гуна санадҳо одати ҳамешагист ва ҷои таъаҷҷуб нест. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, дафтари протоколии раисҷумҳур ҳамеша мекӯшад шумори созишномаву ёддоштҳо бештар бошанд, новобаста аз самту мафҳум ва иҷроиши онҳо. Муҳим баъди вохӯрии ҳайатҳо хабар диҳанд, ки “байни ҷонибҳо фалон адад созишномаву ёддоштҳои ҳамкорӣ имзо шуд”. Фарқ надорад ин созишномаи ҳамкорӣ байни ансамблҳои рақсӣ аст ё ҷамъияти кадукорони ҳарду ҷониб.
Масъалаи асосӣ фаромӯш шуд?
Баҳсноктарин масъала байни Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марз аст. Ҷанги дурӯза ҳам, ки аз ду ҷониб наздики 60 қурбониву беш аз сад маҷрӯҳ ба ҷой гузошт, барои нуқтаҳои баҳсии марз буд. Интизории мардуми ду кишвар ҳам аз мулоқоти стаҳи олӣ ҳали ин масъалаи хунрез ё ҳади ақал бардоштани гоми ҷиддие дар ҳали он буд. Аммо пас аз 7 соати мулоқот раҳбарони ду кишвар дар бораи ҳамкории “Ховар”-у “Кабар” ва сиёсати ҷавонон хабар доданд. Масъалаҳое, ки ба раисҷумҳурҳо ва ҳатто ба вазирҳо ҳеҷ бастагие надорад ва онро мешавад дар нишасти раисони ду хабаргузорӣ ва муовинони саввуми кумитаҳои ҷавонон ҳал кард. Дар бораи ҳали баҳсҳои мразӣ ё ҳади ақал аломатгузории марз хабаре нест.
Албатта дар Изҳороти муштараки ду раисҷумҳур ба ин масъала ишорае шудааст. Дар он омадаст:
“Президентҳо таъкид карданд, ки ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳ дода нашавад, ба ин манзур риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Президентҳо изҳори азм намуданд, ки муколамаи созанда бар асоси шартҳои аз ҳар ду ҷониб пазируфташавандаро бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ бунёд созанд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо суръат бахшидан ба музокирот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли барои ҳар ду ҷониб пазируфташаванда дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро қайд намуданд”.
Аммо ин ҳарфи сарони давлат, ки баъди вохӯрии тӯлонӣ садо дод, аз изҳороти кумиссиюнҳои муштараки аломатгузории марз, ки ҳар дафъа баъди мулоқотҳо садо медиҳад ҳеҷ фарқе надорад ва ҳарфҳои умумӣ аст.
Пас ду раисҷумҳур 7 соат чӣ гуфтанд?
Ҳеҷ маълумоти расмие на аз ину на аз он тараф нашр нашудааст. Ҷониби Қирғизистон ҳам, ки қаблан дар нашри хабарҳо фаъол буд, то ҷое, ки расонаҳои тоҷикӣ низ хабарро аз манобеъи қирғизӣ мегирифтанд, сукутро пеша кардааст. Пас, танҳо ҳамин меомонад, ки барои дарки мавзӯъи баҳси Раҳмону Ҷабборов ба ишораҳои зимнӣ нигариста ва аз тахмин кор гирифта шавад.
Раисҷумҳури Қирғизистонро дар сафар вазири иқтисоду молия, вазири нақлиёт, вазири ҳолатҳои фавқулъода, вазири фарҳанг, намояндаи махсуси Кобинаи вазирон дар вилояти Баткен ва раҳбари Хадамоти марзиву ноиби аввали раҳбари КДАМ ҳамроҳи мекарданд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо ба созишномаву ёддоштҳое, ки имзо шудааст, камтарин бастагие надоранд. Дар гумон аст, ки Ҷабборов онҳоро барои тамошои “табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон” оварда бошад.
Пас, масоили вобаста ба ин вазирон дар гуфтугӯи 7 соата ё ҷои дигаре баҳс шудааст.
Дар ин изҳорот нуктаи дигаре ҳаст, ки бояд болояш таваҷҷӯҳ шавад. Дар он гуфта мешавад:
Президентҳо аз идомаи қочоқи мол дар минтақаҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҷонибҳо бар онанд, ки чунин ҳолат ба муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ зиён меорад.
Коршиносон ва мардуми манотиқи марзӣ медонанд, ки тамоми гузашҳои Тоҷикистон дар масоили марзӣ ба Қирғизистон дар ҳади ақал 10 соли охир ба қочоқ вобастагӣ дошт. Аниқтараш қочоқи маводи сӯхт аз ҷониби домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов аз Қирғизистон ба Тоҷикистон. Тибқи гуфтаи коршиносон баҳси ахири марзӣ ва сардшавии муносибот ҳам чизе ҷуз баҳс бар сраи қочоқ нест. Ҳукумати нави Қирғизистон мехоҳад ба ин қочоқи бузургҳаҷм хотима диҳад ё гурӯҳе аз навдавлатони он мехоҳанд онро зери назорати худ гиранд. Ба Шамсулло Соҳибов, аниқтараш хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон ин тасмим (ҳар кадом гузинае бошад) писанд нест.
Бархе ба ин назаранд, ки қочоқ дар ҳар ҳаҷме набошад наметавонад дар сатҳи ду раисҷумҳур ва чунин тӯлонӣ баҳс шавад. Шояд барои Ҷабборов ҳамчун раисҷумҳур масъала кӯчак бошад, чун кишвараш дар ин қочоқ асосан нақши кишвари транзитиро мебозад ва ҳатто даромда ҳам мегирад. Аммо барои Эмомалӣ Раҳмон масъала кӯчак нест. Ӯ ҳамеша манофеъи хонаводагиашро аз манофеъи кишвар пештар гузоштааст. Ба ин мешавад даҳҳо мисол овард: сар аз роҳҳои пулакиву Сомонэйру тасарруфи ҳамаи бонкҳои кишвар то ба бизнеси фарзандонаш табдил додани шиносномаву маълумотномаҳои тиббӣ ва ғайра.
Ҳаҷми ин қочоқ кам нест: он 35 дарсади тамоми воридоти маводи сӯхт ба кишварро ташкил медиҳад. Даромдаи солонаи Оила ва мутаосибан зарари буҷа аз он ба беш аз сад миллион доллар мерасад. Дар гумон аст “пешво”-е, ки барои даромадҳои кӯчаке мисли маълумотномаи тиббӣ шармандагӣ ба хонандагони синфи якро назди миллатро ба дӯш гирифтааст, аз даромдаи садмиллиондолларӣ бе мубориза даст кашад.
Аммо дар изҳорот ишора мешавад ҷонибҳо аз идомаи қочоқи мол дар минтақаҳои наздимарзӣ изҳори нигаронӣ карда онро ба зарар номидаанд. Пас кӯшиши Раҳмон барои расидан ба тавофуқ барои идомаи қоҷоқи маводи сӯхт бенатиҷа анҷомидааст? Ин суолест, ки посухашро дер ментазир шудан шарт нест — пайдо шудан ё нашудани мошинҳои сӯхтбари Шамсулло дар роҳҳои наздимарзӣ ба зуди ҳақиқатро бозгӯӣ хоҳад кард.
Новобаста аз он ки дар 7 соат ду ҷониб ба чӣ тавофуқе расидаанд, бо гузашти замон ҳар созиши пинҳоние ифшо мешавад. Дур нест он рӯзе, ки бидонем Эмомалӣ Раҳмон ин навбат кадоме аз манофеъи миллиро ба фурӯш гузошт.