Вазорати танудустии Тоҷикистон аз рӯзҳои қабули мардум аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва сешанбе мардум метавонанд, мушкилашонро пеши вазир арз кунанд.
«Дар хабарнома омадааст, ки дар асоси дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Қонун “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23 июли соли 2016 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва шанбе дар Вазорати тандурустӣ рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вазорат баргузор мегардад».
Манбаъ афзуда, ки яке аз чунин вохӯриҳо рӯзи 29 июн баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ки Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишвар, ки бо масъалаҳои гуногун омада буданд, қабул намуда, бо онҳо озод ва ошкоро суҳбат кард.
Манбаъ мегӯяд, вазир муроҷиати шаҳрвандонро шунида, вобаста ба ҳалли масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.