Ҳар футболбози навраси тоҷик аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон бо 20 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 2 ҳазор доллар) қадрдонӣ гардид. 33 футболбоз аз раисҷумҳур ин маблағро тӯҳфа гирифтанд.
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони ҷавонро ба ҳузур пазируфт ва пирӯзии дастаро дар Қаҳрамонии Осиё ба Федератсияи футболи кишвар, ба варзишгарон ва ба мардуми ҷумҳурӣ муборакбод гуфтанд.
Раисҷумҳур гуфт ғалабаи наврасон дар таърихи футболи тоҷик дастоварди бузург аст ва ин “натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар ва заҳмати содиқонаи худи футболбозон мебошад”, ки дар як чорабинии бузурги варзишӣ бо натиҷаҳои арзанда ба Ватан баргаштанд.
Гуфтанист, дар марҳилаи ниҳоии Қаҳрамонии Осиё байни наврасон моҳҳои сентябр-октябри соли ҷорӣ дар Малайзия бо иштироки 16 кишвари қитъаи Осиё, тими мунтахаби Тоҷикистон ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони зери 17 сола, ки соли 2019 дар кишвари Перу баргузор мегардад, роҳхат гирифт.