Аз рӯи барномаи машҳури иҷтимоъии “Гектари Шарқи Дур”, ки ба шаҳрвандони Русия ба таври ройгон замин дода мешуд, акнун шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ҳастанд, метавонанд мисли шаҳрвандони Русия ба таври ройгон замин гиранд.
Бо ин мақсад ҳукумати Русия мехоҳад, заминҳои бекорхобидаи Шарқи Дурро мавриди истифода қарор диҳад. Сараввал замин ба таври ройгон, танҳо барои истифода дода мешавад ва баъдтар истифодабарандагони замин метавонанд ҳуқуқи шахсӣ намудани заминро пайдо намоянд.
Айни ҳол муҳоҷироне, ки ба Шарқи Дур куч мебанданд, метавонанд дар 9 минтақа ройгон барои истифода замин гиранд. Аммо тибқи расонаҳои русӣ солҳои баъдӣ дар соҳили Байкал ва ҷумҳурии Бурятия ҳам гирифтани замин барои истифода иҷоза мешавад.