Рубрики Хабарҳо

Хайрулло Мирсаидов дубора ба зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд раҳбари собиқи тими КВН-и Тоҷикистон, рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидовро дирӯз, 11 январ ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба хабаргузории “Фергана” вакили дифоъи ӯ Бахтиёр Насруллоев хабар додааст.

Мирсаидов бинобар иҷро накардани қарори додгоҳ ва хориҷ шудан аз кишвар бидуни иҷоза маҳкум гардид. Ҳукми додгоҳ дар ғайби рӯзноманигор содир шудааст.

Тибқи гуфтаи вакили дифоъи Мирсаидов, додгоҳи вилоятӣ қарор кард Мирсаидов бояд ба кор оғоз кунад ва давоми 2 сол 20%-и моҳонаашро ба ҳисоби давлат гузаронад. Ҳамчунин ба ӯ хурӯҷ аз Тоҷикистон мамнӯъ шуд ва ӯ зери ин ҳуҷҷат имзо гузошт. Дар сурати пайдо шудани зарурати хурӯҷ ҳатто аз шаҳри Хуҷанд, ӯ муваззаф буд Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлияро огоҳ кунад ва иҷозаи онҳоро ба даст орад.

“Ҳоло Хайрулло берун аз Тоҷикистон қарор дорад. Агар ба Тоҷикистон баргардад, имкон дорад дар фурӯдгоҳ боздошт шавад”- гуфтааст вакили дифоъи ӯ.  

Худи Мирсаидов ҳам ба “Фергана” тасдиқ кардааст, ки воқеъан нимаи октябри соли 2018 ба хотири барқароркунии саломатиаш, ки дар боздоштгоҳ аз даст додааст, ба Гурҷистон сафар намудааст.

“Наздикони ман борҳо ба кормандони раёсати муассисаҳои ислоҳотӣ хабар доданд, ки ман барои табобат дар Гурҷистон қарор дорам. Дар ҳамин ҳол ман пурра ҷаримае, ки ба ман дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ баста буданд, пардохт кардам” — гуфтааст Хайрулло.

Рӯзноманигор ва раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро моҳи декабри соли 2017, баъди он ки ӯ як номаи саркушода ба Эмомалӣ Раҳмон нашр кард, боздошт намуданд. Дар он нома Хайрулло раҳбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзодаро ба азхудкунии маблағи барои хариди баландгӯякҳо ба тими КВН ҷудошуда айбдор кард. Дар посух Зоҳидзода алайҳи Мирсаидов даъвои ҷавобӣ намуд, ки дар натиҷа Хайрулло боздошт ва ба 12 соли зиндону 124 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум гардид. Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаи Мирсаидовро сиёсӣ номиданд. Баъди эълони ҳукм хонаводаи журналист маблағи ҷаримаро ба хазинаи давлат пардохт кард.

Дертар Хайрулло Мирсаидов бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд, ки қарори додгоҳи шаҳри Хуҷандро бекор кард, озод ва ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ муваззаф гардид.  

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *