Рубрики Хабарҳо

Фарқи байни воридоту содирот дар Тоҷикистон камтар шудааст

Бино бар эъломи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар панҷ моҳи нахусти имсол воридоти ин кишвар беш аз ду баробари содироти он будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан воридоти Тоҷикистон ба се баробар бештар аз содироташ буд.

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар панҷ моҳи нахусти имсол ба маблағи 598 миллиону 400 ҳазор доллар содирот ва як миллиарду 273 миллиону 500 ҳазор доллар воридот доштааст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта 75 дарсади савдои хориҷии Тоҷикистонро воридот ташкил медод. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 ба 4,4 млрд доллар баробар буд, ки 3,3 млрд доллар ё 74,9% дарсади ин нишондиҳанда ба воридот ва ҳамагӣ 1,1 млрд доллар ё 25,1% ба содирот рост меомад.

Коршиносон сабаби камшавии фарқи содироту воридотро дар бӯҳрони иқтисодӣ ва поёнравии тавоноии харидории мардум мебинанд.

Мақсади асосии содироти Тоҷикистон таи панҷ моҳи соли ҷорӣ Суис (Швейтсария), Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст.

Бар ин асос аз Тоҷикистон ба таври асосӣ алюминийи аввалия, маводи хоми маъданӣ, филизҳои гаронбаҳо, меваҳои хушк ва нахи пахта ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст.

Дар панҷ моҳи нахусти имсол содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Суис ба беш аз 303 миллион доллар расидааст.

Дар ин муддат Русия бо беш аз 420 миллион доллар мубодилоти тиҷорӣ бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Ҳамчунин дар ин муддат мизони воридоти Тоҷикистон аз Русия 31.9 дарсад, Қазоқистон 24.7 дарсад ва Чин 13.7 дарсадро ташкил кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *